Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4313613
Сегодня
9
На этой неделе
751
В этом месяце
3219
Итого
4313613
Диққат ОЗМУН барои ишғоли чои корӣ ************* Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

26.07.2025

ТЕРРОРИЗМ: ХАТАР, ПАЙОМАД ВА РОҲҲОИ МУБОРИЗА БО ОН

ТЕРРОРИЗМ: ХАТАР, ПАЙОМАД ВА РОҲҲОИ МУБОРИЗА БО ОН
Терроризм яке аз хатарҳои ҷиддии асри XXI ба шумор меравад, ки амнияти миллӣ ва ҷаҳониро зери таҳдид қарор додааст. Он на танҳо ҷони ҳазорон нафарро мебарад, балки ба суботу оромии ҷомеа, иқтисодиёт, сиёсат ва рушди фарҳангӣ зарбаи бузург ворид месозад.
Имрӯз терроризм шаклҳои гуногунро касб кардааст, аз ҳамлаҳои мусаллаҳона, инфиҷори бомбаҳо ва гаравгонгирӣ то таблиғоти ифротӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ. Ҳадафи асосии он паҳн кардани тарс, ноором сохтани ҷомеа ва расидан ба манфиатҳои гурӯҳӣ маҳсуб меёбад.
Терроризм аксар вақт бо идеологияҳои ифротгароёна, мазҳабии тахрибкор ва ё даъвоҳои сиёсӣ марбут аст. Гурӯҳҳои террористӣ, чун “Ал-Қоида”, “ДОИШ”, «ҲНИ» ва дигар ташкилотҳои манъшуда, кӯшиш мекунанд, ки бо истифода аз номи дин ё адолат, амалҳои зӯровариро иҷро кунанд. Дар асл, чунин амалҳо бо ягон арзиши инсонӣ, динӣ ва ҳуқуқӣ созгор нестанд. Онҳо зери ниқоби дин, мардумро гумроҳ намуда, ҷавононро ба қатори худ ҷалб мекунанд ва ҷангҳои хунинро барангехта, ба сарзаминҳои осоишта фоҷиа меоранд.
Пайомадҳои терроризм басо фоҷиавӣ мебошанд. Пеш аз ҳама, он ҷони одамони бегуноҳро мегирад, мардумро дар ҳолати тарсу ваҳм қарор медиҳад ва боиси вайрон гардидани тартиботи ҷамъиятӣ мешавад. Дар баробари талафоти ҷониву ҷисмонӣ, терроризм ба иқтисоди миллӣ низ зарба мезанад. Захираву маблағҳое, ки бояд барои рушди инфрасохтор, маориф ё тандурустӣ равона шаванд, ба амнияти иловагӣ, мубориза бо терроризм ва барқарорсозии минтақаҳои осебдида сарф мегарданд. Илова бар ин, амалиётҳои террористӣ боиси коста шудани сармоягузорӣ, коҳиши гардиши сайёҳӣ ва афзоиши нархҳо мегардад.
Дар сатҳи байналмилалӣ, терроризм боиси ташаннуҷи равобити байнидавлатӣ, муҳоҷиратҳои иҷборӣ ва болоравии муҳофизакорӣ дар ҷомеаҳо мегардад. Вокуниш ба чунин таҳдидҳо бисёр вақт бо маҳдуд шудани озодиҳои шаҳрвандӣ ва афзоиши назорати давлатӣ меорад, ки худ метавонад боиси ташаннуҷи нави иҷтимоӣ гардад.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ солҳо боз талош дорад, ки барои мубориза бо терроризм як механизми муассир ва ҳамоҳангшударо эҷод кунад. Созмонҳои байналмилалӣ, чун СММ, САҲА, СҲШ ва амсоли инҳо барномаҳои мушаххаси зиддитеррористӣ доранд. Бо вуҷуди ин, ин мушкилот танҳо бо амалиёти низомӣ ҳал намешавад. Пешгирии терроризм бояд, пеш аз ҳама, дар сатҳи ҷилавгирии мафкуравӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ сурат гирад.
Яке аз роҳҳои муассири пешгирии терроризм таълиму тарбияи дурусти насли ҷавон ва боло бурдани маърифати ҳуқуқӣ ва диншиносии онҳо мебошад. Бисёр ҳолатҳо нишон медиҳанд, ки ҷавонон аз сабаби надонистани асосҳои дин ва фаҳмиши нодуруст ба доми таблиғгарони ифротӣ меафтанд. Мактабҳо, донишгоҳҳо ва расонаҳо бояд дар ташаккули ҷаҳонбинии солими ҷавонон нақши муассир бозанд. Дар баробари ин, ҳамкории доимии мақомоти давлатӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, уламои дин ва ташкилотҳои иҷтимоӣ ниҳоят муҳим аст.
Иқдоми мушаххаси давлатӣ, чун назорати сарчашмаҳои маблағгузории гурӯҳҳои шубҳанок, ҷилавгирӣ аз паҳншавии идеологияи ифротӣ тавассути интернет, ташвиқи таҳаммулгароӣ ва монанди ин бояд ҷузъи асосии сиёсати миллии тарбия бошанд.
Ҳамзамон, нақши оила дар муқовимат бо ифротгароӣ хеле муҳим аст. Волидайн бояд аз ҳолати равонӣ, иҷтимоӣ ва фикрии фарзандони худ бохабар бошанд. Муҳити солим дар хона ва таълиму тарбияи ахлоқӣ метавонанд василаи муқовимат ба ҳама гуна таблиғоти хатарнок бошанд.
Дар ниҳоят, мубориза бо терроризм бояд на танҳо бо қонун, балки бо адолат, маърифат ва фарҳанг сурат гирад. Дар баробари муборизаи ҳуқуқӣ ва низомӣ бояд зеҳни одамон, бахусус ҷавонон, бо илму ахлоқ ва тафаккури созанда пур карда шавад. Танҳо дар ин сурат мо муваффақ мешавем, ки бои н падидаи нанговару маргбор муборизаи беамон барем.
Замира ИРМАТОВА,
директори Коллеҷи технологии шаҳри Конибодом
ба номи Абдулаҳад Қаҳҳоров
Возможно, это изображение 1 человек
Возврат к списку новостей