Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4313613
Сегодня
9
На этой неделе
751
В этом месяце
3219
Итого
4313613
Диққат ОЗМУН барои ишғоли чои корӣ ************* Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

26.06.2025

Паёми табрикии Раиси шаҳр Даврон Зоҳидзода ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Паёми
табрикии Раиси шаҳр Даврон Зоҳидзода ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ
Ҳамдиёрони азиз!
Санаи 27 - уми июн барои ҳар як сокини Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ басо мубораку таърихӣ буда, ҳамасола бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.
Кулли мардуми сарбаланди диёрро ба муносибати бисту ҳаштумин солгарди ин санаи тақдирсоз сидқан муборакбод намуда, ба ҳамагон беҳтарин орзуҳои зиндагиро таманно менамоям.
Рӯзи 27 –уми июни соли 1997 санади барои миллату давлати мо сарнавиштсоз - Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расида, дар саҳифаҳои таърихи давлатдории навинамон бо ҳарфҳои заррин сабт гардид.
Созишномаи сулҳ ва ваҳдати миллӣ, ки бо майлу иродаи қавӣ ва қаҳрамониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид, ба хотимаи ҷанги шаҳрвандӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмии мардуми мо заминаи устувор гузошта, барои тамоми халқи Тоҷикистон пайки шодӣ ва паёми сулҳу оромӣ овард.
Минбаъд ба шарофати ин ҳуҷҷати таърихӣ таҳкиму тақвияти ваҳдати миллӣ ва ҳифзи амну субот барои миллати мо вазифаю рисолати муқаддас дониста шуда, инак 28 сол инҷониб мардуми шарафманди тоҷик дар фазои сулҳу оромӣ бо шукргузориву сипосмандӣ дар ҷодаи амалисозии ҳадафҳои созанда бо қадамҳои устувор пеш меравад.
Барои ҳамагон равшан аст, ки дар меҳвари ҳамаи ин иқдомоту ташаббусҳо, дастоварду пешравиҳо ва рушди бемайлони сиёсиву иқтисодии кишвари азизамон Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, боиси ифтихору сарфарозист, ки имрӯзҳо фарҳанги сулҳофаринӣ ва таҳаммулгароии миллати соҳибтамаддуни мо эътибори ҷаҳонӣ касб намудааст ва аз ҷониби марказҳои таҳқиқотии бонуфузи дунё мавриди омӯзиш қарор гирифтааст.
Тавре ки Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр доштанд: “Мо ваҳдати миллиро дар баробари истиқлоли давлатӣ як рукни муҳими давлатдорӣ ва шарти аслии пешрафту шукуфоии Тоҷикистон медонем ва барои тақвият, таҳким, устуворӣ ва такомули минбаъдаи он бо дастгирии мардуми сарбаландамон ҳамаи тадбирҳои заруриро меандешем”.
Басо хушоянд аст, ки ҳамшаҳриёни мо низ бо шукргузорӣ аз сулҳу оромӣ ва ваҳдати комил ба бунёдкориву созандагиҳо вусъат бахшида, дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд.
Албатта, эътимодамон комил аст, ки сокинони шарафманду меҳнатқарини Канди бостонӣ минбаъд низ, дар баробари тамоми мардуми мамлакат тавассути заҳмату талошҳои пайваста баҳри рушду пешрафт ва сарсабзиву шукуфоии Тоҷикистони азиз ва таҳкиму пойдории сулҳу субот ҳиссаи сазовор гузошта, ҷашни фархундаи 35- солагии Истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои арзанда истиқбол менамоянд.
Бори дигар, бо камоли эҳтиром, тамоми ҳамшаҳриёни арҷмандро ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона таҳният гуфта, бароятон саломатӣ, саодати рӯзгор ва комгориву пирӯзиҳо орзумандам.
Бигзор, ваҳдати миллӣ барои мо чун неъмати бебаҳо, арзиши муқаддас, рамзи ҳуввияту худогоҳӣ ва кафили бақои давлату миллат ҷовидона бошад.
Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!
Бо эҳтиром,
Раиси шаҳри Конибодом Даврон Зоҳидзода
Возможно, это изображение 1 человек
Возврат к списку новостей