Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4313612
Сегодня
8
На этой неделе
750
В этом месяце
3218
Итого
4313612
Диққат ОЗМУН барои ишғоли чои корӣ ************* Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

25.06.2025

Пешгирии коррупсия – омили муҳими рушди ҷомеа

Пешгирии коррупсия – омили муҳими рушди ҷомеа
Коррупсия яке аз монеаҳои ҷиддии рушди иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ дар ҳар як кишвар ба ҳисоб меравад. Ин зуҳуроти номатлуб на танҳо ба иқтисоди миллӣ зарар мерасонад, балки ба эътимоди мардум ба давлату мақомоти давлатӣ низ халал мерасонад. Аз ин рӯ, пешгирии коррупсия вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯст ва меҳанпараст мебошад.
Коррупсия як масъалаи муҳим ва мушкили ҷиддии иҷтимоӣ ва иқтисодист, ки тақрибан дар тамоми кишварҳои ҷаҳон вуҷуд дорад. Пешгирии коррупсия заминаи рушди иқтисодӣ ва эътимоди мардум ба сохторҳои давлатӣ мебошад. Таъмини шаффофият ва ҳисоботдиҳӣ дар фаъолияти давлатӣ воситаи муҳими мубориза бо коррупсия аст.
Коррупсия ба маънои умумӣ маънои суиистифода намудан аз вазифаи давлатӣ ё мансаб бо мақсади ба даст овардани манфиати шахсӣ мебошад. Дар ҳолати пешгирӣ накардани коррупсия дар рафти фаъолият ба оқибатҳои ногувор оварда мерасонад. Коррупсия боиси коҳиши рушди иқтисодӣ ва сатҳи зиндагии мардум мегардад. Ин падида метавонад: сармоягузории хориҷиро коҳиш диҳад, адолати иҷтимоиро барҳам занад, боиси коҳиши эътимоднокии мардум ба Ҳукумат гардад, маорифу тандурустӣ ва дигар бахшҳои муҳимро заиф намояд.
Барои пешгирии коррупсия на танҳо давлат, балки ҷомеа ва ҳар як шахс бояд саҳмгузор бошад. Фарҳанги зиддикоррупсионӣ бояд аз оила сар шавад ва тавассути маориф ва муассисаҳои динӣ тақвият ёбад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт тадбирҳои зиёдеро ба монанди, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия”, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021 таҳти №222 «Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», ташкили курсҳо ва барномаҳои омӯзишӣ барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, ҷорӣ кардани технологияҳои рақамӣ дар идоракунии давлатӣ бо мақсади кам кардани тамоси мустақими шахсӣ ва пешгирии фасодкорӣ роҳандозӣ намудааст.
Коррупсия хатарест барои ҳар як давлат ва ҷомеа. Танҳо бо талоши якҷояи давлат, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як фард метавон бар зидди ин зуҳуроти манфӣ мубориза бурд. Пешгирии коррупсия – омили асосии таъминкунандаи адолат, рушди устувор ва амнияти миллӣ мебошад.
Муовини якуми Раиси шаҳри Конибодом Шӯҳрат Шокирӣ
Возможно, это изображение 1 человек
Возврат к списку новостей