Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4313601
Сегодня
171
На этой неделе
739
В этом месяце
3207
Итого
4313601
Диққат ОЗМУН барои ишғоли чои корӣ ************* Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

09.06.2025

Дар Прокуратураи шаҳри Конибодом Шӯрои ҳамоҳангсозии ғайринавбатӣ баргузор гардид

Дар Прокуратураи шаҳри Конибодом Шӯрои ҳамоҳангсозии ғайринавбатӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Прокуратураи шаҳри Конибодом таҳти раисии Прокурори шаҳр, мушовири давлатии адлияи дараҷаи сеюм Орифзода Парвиз Рустам, Шӯрои ҳамоҳангсозии ғайринавбатӣ оид ба иҷрои супориши Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон марбут ба риояи қонунгузории соҳаи энергетика ва иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт баргузор гардид.
Сараввал, Прокурори шаҳр оид ба муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон” маълумот дода, ба масъалаи истифодаи ғайримақсаднок ва ғайриқонунии нерӯи барқ таваҷҷуҳ зоҳир намуд.
Сипас, ёрдамчии Прокурори шаҳр Султон Пирзода оид ба риояи талаботи қонунгузорӣ дар самти истифодаи самараноку сарфакоронаи қувваи барқ баромад кард.
Дар ҷаласа инчунин муовини раиси шаҳр Одил Охунзода, масъулини идораи шабакаҳои барқ — Фарҳод Раҳимов, Бахтиёр Арзиқулов ва Хуршед Алиев иштирок намуда, вазъи мавҷуда ва роҳҳои ҳалли камбудиҳоро шарҳ доданд.
Дар фарҷом Прокурори шаҳри Конибодом ҷаласаро ҷамъбаст намуда, масъулини соҳа ва сохторҳои дахлдорро вазифадор намуд, ки камбудиҳои ҷойдоштаро сари вақт бартараф намуда, корҳои фаҳмондадиҳиро дар самти сарфакорона истифода бурдани қувваи барқ ва пардохти саривақтии маблағи истифодаи он байни аҳолӣ тақвият диҳанд.
Прокурори шаҳр ҳамзамон зикр кард, ки соҳаи энергетика яке аз бахшҳои калидии рушди дигар бахшҳои иҷтимоиву иқтисодӣ маҳсуб меёбад. Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунанд:
“Истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон ба рушди саноат, кишоварзӣ, тиҷорати хурду миёна таъсири бузург мерасонад. Яъне, вай асоси стратегии эҳёи тамоми сохтори иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистонро дар сатҳи сифатан нави технологӣ ташкил медиҳад.”
Аз ин рӯ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ҳамчун ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ гардида, истифодаи оқилонаи нерӯи барқ ва таҳкими назорат дар ин самт аҳамияти калон дорад.
Муаллиф: Нуъмон Умаров
Акс: Фарҳод Муқимов
Возможно, это изображение 5 человек и текстВозможно, это изображение 12 человекВозможно, это изображение 1 человекВозможно, это изображение 6 человек и текстВозможно, это изображение 1 человек и помостВозможно, это изображение 6 человек и текстВозможно, это изображение 1 человекВозможно, это изображение 7 человек и текстВозможно, это изображение 1 человек и динамикВозможно, это изображение 1 человек
Возврат к списку новостей