Посетители
4306813
Сегодня
109
На этой неделе
242
В этом месяце
3270
Итого
4306813
05.06.2025
Номаи табрикии Раиси шаҳр Даврон Зоҳидзода ба муносибати Иди Қурбон
Номаи табрикии Раиси шаҳр Даврон Зоҳидзода ба муносибати Иди Қурбон
Ҳамдиёрони азиз!
Фарорасии Иди мубораки Қурбонро, ки яке аз суннатҳои қадимаи мардуми мусулмони мо ба ҳисоб меравад, ба хонадони ҳар яки шумо самимона табрик гуфта, дар ин айёми пурфайзу фараҳбахш бароятон тани сиҳату иқболи нек ва сарбаландиву пирӯзиҳо орзумандам.
Боиси сарфарозист, ки мо ба шарофати Истиқлоли давлатӣ ва бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу субот иди Қурбон ва дигар маросиму суннатҳои эътиқодии худро озодона адо менамоем.
Тавре ки маълум аст, таълимоти дини мубини ислом ва ғояи усулии он дар баробари тоату ибодат, инчунин, сарчашмаи адаб ва махзани бузурги панду андарз мебошад. Зеро он ҳамеша накӯкорӣ ва бародариву баробариро талқин намуда, хушунату ифротгариро маҳкум мекунад.
Ва албатта, сиёсати дурандешона ва дастуру раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба гиромидошти арзишҳои диниамон яке аз омилҳои асосии ваҳдату ягонагии мардуми мост.
Маҳз чунин муносибати некбинона нисбат ба дини мубини ислом моро имконият медиҳад, ки бо шукронаи соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ ва суботи сиёсии кишварамон барои ободиву пешрафти Тоҷикистони азиз содиқона заҳмат кашем.
Зеро ҷавҳари аслии тарбиявӣ ва ахлоқии иди Қурбон дар изҳори фурӯтаниву хоксорӣ, самимияту садоқат ба Худо ва бандагони вай, ростқавливу иродатмандӣ дар эътиқод ва рафтору гуфтор ифода меёбад.
Чуноне ки Пешвои муаззами миллат таъкид доштанд: «Тибқи таълимоти дини мубини ислом, ҳикмати ин Иди муқаддас, пеш аз ҳама эҳтиром ва шинохти қадру манзалати ҳамдигар, бахусус падару модар, дигар калонсолон, шукронаи зиндагии орому осуда, омурзиши гуноҳҳо, хайру саховат, тарғиби ростиву растагорӣ ва сафои ботинии шахси мусалмон мебошад.
Имрӯзҳо низ, туфайли чунин сиёсати мардумпарваронаи роҳбарияти давлату ҳукумати мамлакатамон дар қатори ҳазорҳо нафар сокинони Тоҷикистон ҳамшаҳриёни мо ҳам дар ибодати хонаи Худоянд ва орзуманди онем, ки ҳаҷҷашон мақбул бошаду саломат ба назди пайвандони хеш баргарданд.
Бо чунин орзуҳои нек, бори дигар, кулли сокинони шаҳрро бо иди саиди Қурбон сидқан шодбошӣ намуда, бароятон саодату некбахтӣ ва рӯзгори ободу осоишта таманно дорам.
Иди саиди Қурбон муборак, ҳамдиёрон!
Бо эҳтиром,
Раиси шаҳри Конибодом Даврон Зоҳидзода

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?