Посетители
4306813
Сегодня
109
На этой неделе
242
В этом месяце
3270
Итого
4306813
05.06.2025
Дар шаҳри Конибодом ба кӯдакони имконияташон маҳдуд аробачаҳои маъюбӣ тақдим гардиданд
Дар шаҳри Конибодом ба кӯдакони имконияташон маҳдуд аробачаҳои маъюбӣ тақдим гардиданд
Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом дар доираи татбиқи сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як қатор кӯдакони имконияташон маҳдуд аробачаҳои маъюбӣ тақдим карда шуд.
Дар маросими супоридани ин кӯмаки башардӯстона Раиси шаҳри Конибодом Даврон Зоҳидзода иштирок намуда, иброз дошт, ки Ҳукумати кишвар масъалаи дастгирии табақаҳои осебпазири ҷомеаро ҳамеша дар маркази диққат қарор дода, барои беҳтар намудани шароити зиндагии онҳо пайваста тадбирҳои мушаххас меандешад.
Зимни суҳбат бо волидони кӯдакон Раиси шаҳр иброз дошт, ки бо дастгириҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ягон нафари шумоён фаромӯш намешавед ва Шумо пеш аз ҳама зери таваҷҷуҳи ҳамешагии Роҳбарияти олии кишвар қарор доред. Мо дар сатҳи маҳал низ дар доираи имкониятҳои мавҷуда кӯшиш мекунем, ки чунин қишри ҷомеаро бо ғамхорӣ ва дастгирии доимӣ таъмин намоем.
Раиси шаҳр афзуд, ки дар партави сиёсати инсонпарваронаи Пешвои миллат, бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр имрӯзҳо хизматчиёни давлатӣ, соҳибкорону саховатмандон, вакилони мардумӣ, ходимони дин ва роҳбарону кормандони ташкилоту муассисаҳо пайваста аз ҳолу аҳволи ятимон, маъюбон ва шахсони ниёзманд бохабар гардида, ба онҳо дасти кӯмак дароз мекунанд.
Волидону наздикони кӯдакони имконияташон маҳдуд барои таваҷҷуҳу ғамхорӣ изҳори миннатдорӣ намуда, чунин ташаббусҳоро нишонаи амиқи инсондӯстӣ ва ваҳдати иҷтимоӣ арзёбӣ карданд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом минбаъд низ, чунин иқдомҳоро идома дода, барои беҳбудии сатҳи зиндагии табақаҳои осебпазир чораҳои иловагӣ меандешад.

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?