Посетители
4306811
Сегодня
107
На этой неделе
240
В этом месяце
3268
Итого
4306811
04.06.2025
Чорабинии идона бахшида ба Иди саиди Қурбон барои кӯдакони ятим ва маъюб дар Конибодом
Имрӯз, дар арафаи иди мубораки Қурбон, бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом дар тарабхонаи “Шоҳон” чорабинии идона бо иштироки кӯдакони ятим, бепарастор ва маъюб баргузор гардид. Ин иқдом бо мақсади эҳёи арзишҳои башардӯстона, мусоидат ба боло бурдани рӯҳияи маънавии кӯдакон ва фароҳам овардани фазои идона дар зиндагии онҳо роҳандозӣ шуд.
Дар ин ҳамоиш Раиси шаҳри Конибодом Даврон Зоҳидзода иштирок намуда, ҳозиринро ба ифтихори фарорасии Иди саиди Қурбон самимона табрик гуфт. Дар суханронии худ Даврон Зоҳидзода таъкид кард, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамеша ба ҳифзи иҷтимоии гурӯҳҳои ниёзманд, аз ҷумла ятимон, маъюбон ва ашхоси камбизоат таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.
Раиси шаҳр ҳамчунин изҳор дошт, ки ғамхорӣ нисбат ба табақаҳои осебпазири ҷомеа ва таъмини шароити арзандаи зиндагиву таҳсил барои кӯдакони имконияташон маҳдуд бозтоби сиёсати инсонмеҳвар ва раҳмдӯстонаи давлат мебошад. Ӯ илова намуд, ки чунин чорабиниҳо дар таҳкими ҳисси меҳрубонӣ, муҳаббат ва масъулиятшиносӣ байни ҷомеа нақши муҳим мебозанд.
Дар идомаи барнома ба 100 нафар кӯдакони ятиму маъюб туҳфаҳо тақдим гардид. Ин лаҳзаҳо барои кӯдакон фараҳбахш ва хотирмон буда, боиси рӯҳу илҳоми нав гардиданд.
Барномаи консертии рангоранг, ки аз ҷониби тарбиятгирандагони мактаби санъати шаҳр ва ҳунармандони шуъбаи фарҳанг иҷро гардид, ба чорабинӣ шукӯҳи хоса бахшида, фазои идонаро бо рақсу сурудҳо ғанӣ гардонд.
Чорабинӣ дар фазои пур аз муҳаббат, меҳрубонӣ ва эҳсоси инсонпарварӣ анҷом ёфт, ки боз як намунаи олии ҳамбастагӣ ва дастгирии иҷтимоии табақаҳои ниёзманди ҷомеа дар арафаи Иди саиди Қурбон мебошад.
Муаллиф Н. Умаров
Акс. Ф. Азизов

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?