Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4306811
Сегодня
107
На этой неделе
240
В этом месяце
3268
Итого
4306811
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

03.06.2025

Машварати корӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом

Машварати корӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом
Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар семинар - машварати ҷумҳуриявӣ бо роҳбарони вилоятҳо ва шаҳри ноҳияҳои кишвар дар ноҳияи Данғара баргузор гардида буд, имрӯз дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом машварати корӣ баргузор гардид.
Машварат бо иштироки муовини Раиси вилояти Суғд Ҷамшед Ҷӯразода сурат гирифта, дар он масъалаҳои муҳими ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Нахуст, Раиси шаҳри Конибодом Даврон Зоҳидзода ҷаласаро ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки 35 - солагии Истиқлоли давлатӣ бояд бо натиҷаҳои назарраси меҳнатӣ, дастовардҳои созанда ва саҳми намоёни ҳар як сохтор ва муассиса сурат гирад.
Сипас, муовини Раиси шаҳр Баҳоваддин Баҳоваддинзода доир ба раванди иҷрои корҳои сохтмонии иншоотҳои дар доираи ин ҷашн банақшагирифташуда
гузориш дод.
Инчунин, муовини Раиси шаҳр Наимҷон Қодирӣ оид ба иҷрои корҳои саҳроӣ, аз ҷумла кишти пахта ва дигар зироатҳои кишоварзӣ ҳисобот дода, раванди омодагиҳо дар самти рушди соҳаи кишоварзиро муаррифӣ намуд.
Муовини Раиси вилояти Суғд Ҷамшед Ҷӯразода дар баромади худ таваҷҷуҳи махсус ба зарурати таҳкими корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ, ҷалби васеи соҳибкорон ба корҳои ободониву созандагӣ, вусъати корҳои саҳроӣ, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои нав, содироти маҳсулоти кишоварзӣ, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, таъмини ҳамкории судманд миёни сохторҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ, бунёди муассисаҳои томактабӣ, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, сатҳи хизматрасонии тиббӣ, дар руҳияи худшиносию меҳандӯстӣ тарбия намудани ҷавонон, хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зоҳир намуд.
Дар ҷараёни машварат таъкид гардид, ки дастуру супоришҳои Пешвои миллат, ки зимни вохӯрӣ дар ноҳияи Данғара ироа гардида буданд, ҳамчун роҳнамои амал хизмат намуда, иҷрои саривақтии онҳо аз ҳар як масъул масъулияти баланд талаб мекунад.
Дар фарҷоми машварат Раиси шаҳри Конибодом Даврон Зоҳидзода ҷаласаро ҷамъбаст намуда, ба роҳбарони сохтору муассисаҳо дастур дод, ки ҷиҳати амалӣ намудани нақшаҳои пешбинигардида ва дар сатҳи баланд истиқбол намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои заруриро сари вақт ва бо сифати баланд ба иҷро расонанд.
Муаллиф: Н. Умаров
Возможно, это изображение 4 человека и люди учатсяВозможно, это изображение 2 человекаВозможно, это изображение 1 человек, помост и текстВозможно, это изображение 1 человек, помост и текстВозможно, это изображение 4 человека, Овальный кабинет, помост и текстВозможно, это изображение 6 человек и текстВозможно, это изображение 10 человек, люди учатся и помостВозможно, это изображение 7 человекВозможно, это изображение 5 человек
Возврат к списку новостей