Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4306811
Сегодня
107
На этой неделе
240
В этом месяце
3268
Итого
4306811
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

02.06.2025

Мулоқот бо усули "Деҳа ба деҳа" дар деҳаҳои Маҳрам ва Ниёзбеки ҷамоати деҳоти Кӯҳандиёр

Мулоқот бо усули "Деҳа ба деҳа" дар деҳаҳои Маҳрам ва Ниёзбеки ҷамоати деҳоти Кӯҳандиёр
Имрӯз дар деҳаҳои Маҳрам ва Ниёзбеки ҷамоати деҳоти Кӯҳандиёр мулоқот бо сокинон ва фаъолон доир гардид.
Мулоқотро мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Баҳодур Маҳмудов оғоз намуда оид ба яке аз масъалаҳои мубрами рӯз ворид гардидани тағирот ба Кодекси ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба истифодаи нерӯи барқ суханронӣ намуд.
Инчунин, таъкид гардид, ки минбаъд саривақт насупоридани маблағи истифодаи неруи барқ, тағйири нишондоди таҷҳизоти ҳисоби барқ ва ё бепайвасткунӣ ба чунин таҷҳизот ва дар натиҷа барои вайрон кардани қоида ва меъёрҳои истифодаи қувваи барқ ҷаримаҳо афзуда, (ба андозаи 365 то 1200 нишондиҳанда) ҳатто аз озодӣ маҳрум шудан (аз 3 то 10 сол) муқаррар гардидааст.
Дар идома, мудири бахши муҳоҷират Фарзона Толибова вобаста ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ва дар бораи огоҳ будани муҳоҷирон аз қонунҳои нави давлатҳои хориҷа, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва якчанд масъалаҳои муҳими ин самт, сабабу омилҳои хориҷ шудани муҳоҷирони меҳнат аз Федератсияи Русия сухан гуфт.
Ҳамчунин, мудири шӯъбаи ташкилии КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Акмал Ализода вобаста ба масъалаҳои мубрами рӯз аз ҷумла хусусан ба масъалаҳои таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон, баланд бардоштани ҷаҳонбинии ахлоқиву фарҳангӣ, ободонии маҳал ва даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ибрози ақида намуд.
Инчунин, сармутахассиси шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Искандар Толибов вобаста ба мӯҳтавои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак", "Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон" ҳарф зад.
Дар охир аз ҷониби сокинон оид ба масъалаҳои матраҳшуда саволу ҷавобҳо сурат гирифт.
Возможно, это изображение 7 человек и люди учатсяВозможно, это изображение 14 человек и люди учатсяВозможно, это изображение 8 человекВозможно, это изображение 5 человекВозможно, это изображение 6 человекВозможно, это изображение 7 человек и текстВозможно, это изображение 4 человека, люди учатся и текстВозможно, это изображение 5 человек и текстВозможно, это изображение 4 человека и текстВозможно, это изображение 4 человека
Возврат к списку новостей