Посетители
4306811
Сегодня
107
На этой неделе
240
В этом месяце
3268
Итого
4306811
02.06.2025
МАРОСИМИ ҚАДРДОНИИ ҒОЛИБОНИ ОЛИМПИАДАҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР КОНИБОДОМ
МАРОСИМИ ҚАДРДОНИИ ҒОЛИБОНИ ОЛИМПИАДАҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР КОНИБОДОМ
Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом маросими ботантанаи қадрдонии ғолибони олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Раиси шаҳр муҳтарам Даврон Зоҳидзода, масъулони шуъбаи маориф, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорон ва ғолибону фаъолони даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ иштирок доштанд.
Дар оғози маросим Раиси шаҳр Даврон Зоҳидзода суханронӣ намуда, нақши соҳаи маорифро дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус таъкид кард. Зикр гардид, ки таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф ҳамчун рукни муҳими рушди иҷтимоӣ ва ояндаи давлат мавқеи марказиро ишғол мекунад. Пешвои миллат пайваста таъкид менамоянд, ки ҷавонон бояд донишомӯз, созанда ва ташаббускор бошанд, зеро рушди ояндаи кишвар ба маҳорату дониш ва ҷаҳонбинии насли нав вобаста аст.
Шаҳрдор дар идомаи суханронӣ қайд намуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом дар татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат пайваста кӯшиш ба харҷ дода, бобати бунёд, таъмиру таҷдиди муассисаҳои таълимӣ, сохтани синфхонаҳои иловагӣ ва таъминот бо лавозимоти муосири таълимӣ чораҷӯӣ намуда истодааст. Иқдомҳо ба хотири вусъати таълими фанҳои дақиқ, табииву риёзӣ, забономӯзӣ ва рушди қобилияти эҷодии толибилмон низ ҳамаҷониба фароҳам оварда шудааст.
Дар рафти маросим 36 нафар хонандагон, ки дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ҷойҳои ифтихориро ишғол намуданд, бо диплом, медал ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд. Ҳамчунин, 3 нафар иштирокчии фаъоли олимпиадаҳо бо Ифтихорномаву туҳфа сарфароз карда шуданд.
Дар идома, ғолиби олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанни забон ва адабиёти тоҷик, хонандаи синфи 10-и МТМУ №4 — Шарифова Азиза баромад намуда, барои таваҷҷуҳи доимӣ изҳори сипос намуд. Ӯ зикр дошт, ки дастгирии пайваста ва муҳайё сохтани шароити муосир барои таҳсил боиси вусъати донишу ҷаҳонбинӣ гардида, ҷавононро ба комёбиҳои бештар ҳидоят мекунад.
Маросим бо аксбардории дастаҷамъона анҷом пазируфт.

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?