Посетители
4306811
Сегодня
107
На этой неделе
240
В этом месяце
3268
Итого
4306811
31.05.2025
Таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар шаҳри Конибодом
Таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар шаҳри Конибодом
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон имрӯз дар боғи фароғатии “Истиқлол”-и шаҳри Конибодом чорабинии идона баргузор гардид.
Ба ин муносибат дар гӯшаҳои боғ растаҳои идона аз ҷониби ташкилоту муассисаҳои шаҳр ороста шуда, бо иштироки фаъолонаи кӯдакон ва намоишу барномаҳои ҷолиби онҳо фазои идона дар боғ эҳсос мешуд. Растаҳо аз ҷониби кӯдакистонҳо, коллеҷу литсейҳои шаҳр бо завқ, мазмун ва шакли ҷолиб ороста шуда, дар онҳо корҳои эҷодӣ, дастовардҳои тарбиятгирандагон ва намунаҳои фаъолиятҳои таълимӣ ба намоиш гузошта шуданд.
Раиси шаҳри Конибодом Даврон Зоҳидзода нахуст аз растаҳои идона ва дастовардҳои ба намоиш гузоштаи кӯдакон ва муассисаҳо дидан намуд. Ҳангоми тамошои растаҳо, раиси шаҳр ба як гурӯҳ кӯдакон туҳфаҳои идона тақдим намуда, бо онҳо суҳбати самимӣ анҷом дод ва онҳоро барои таҳсили хубу рафтори намунавӣ ташвиқ кард.
Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҳамасола 1-уми июн ҷашн гирифта шуда, яке аз аввалин ҷашнҳое ба шумор меравад, ки ҳуқуқу манфиатҳои кӯдаконро дар маркази таваҷҷуҳи ҷомеа қарор медиҳад. Ин рӯз соли 1949 аз ҷониби Конгресси байналмилалии демократии занон дар Париж пешниҳод гардида, аз соли 1950 дар кишварҳои гуногун ҷашн гирифта мешавад. Ҳадафи он ҳимояи кӯдакон аз зӯроварӣ, дастрасӣ ба таҳсил, муҳити солим ва зиндагии босаодат мебошад.
Сипас, Даврон Зоҳидзода ба сабқати хайриявӣ, ки дар доираи ин чорабинӣ ташкил шуда буд, оғоз бахшид.
Раиси шаҳр зимни суханронии табрикотии худ изҳор дошт, ки ҳифзи ҳаёт, саломатӣ ва ҳуқуқҳои кӯдакон яке аз вазифаҳои муҳимтарини давлатӣ ба шумор рафта, дар меҳвари сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Даврон Зоҳидзода ҳамчунин иброз дошт, ки иқдомҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳаёти осоишта, таъмини ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, меҳру муҳаббат ва масъулиятшиносӣ равона гардидааст.
Раиси шаҳр бо ифтихор дастовард ва муваффақиятҳои кӯдакону наврасони шаҳрро дар олимпиадаҳо ва мусобиқаҳои сатҳи маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ зикр намуда, онҳоро натиҷаи татбиқи самарабахши сиёсати давлатӣ дар самти рушди насли наврас арзёбӣ намуд.
Дар идомаи чорабинӣ, барномаи рангини консертии муҳассилини Мактаби санъати бачагона ва тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабии шаҳр рӯҳияи идонаи ҳозиринро боз ҳам боло бурда, ба таҷлили ин рӯз шукӯҳи хоса бахшид.

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?