Посетители
4306811
Сегодня
107
На этой неделе
240
В этом месяце
3268
Итого
4306811
31.05.2025
Паёми табрикии Раиси шаҳр Даврон Зоҳидзода ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон
Паёми
табрикии Раиси шаҳр Даврон Зоҳидзода ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон
Ҳамдиёрони азиз!
Аз рӯи анъана ҳар сол санаи якуми июн дар аксари кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистони соҳибистиқлол Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ботантана таҷлил мегардад.
Иҷозат фармоед, ин рӯзи муборакро ба ҳамаи Шумо ва кулли кӯдакони хушбахти диёр самимона табрику муборакбод гуфта, баҳратон осмони софу беғубор, оромию осудагӣ ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзу намоям.
Ин сана ба мо калонсолон ҳамеша ҳушдор медиҳад, ки масъулияти саломатӣ, тарбияи маънавии кӯдакону наврасон, фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи онҳо дар мактаб ва оила, инкишофи эҷодӣ ва тайёр намудани онҳо ба зиндагии оянда бар дӯши мост.
Мавриди зикр аст, ки эълон гардидани Рӯзи байналмилалии ҳимояи кӯдакон яке аз рӯйдоди муҳим дар таърихи башарият буда, он дар арҷ гузоштан ба мақоми насли наврас ва ҳалли минбаъдаи сарнавишти онҳо нақши муҳим дорад.
Бешубҳа, кӯдакон ояндаи осудаву ободии ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як хонавода ва ҷомеаву давлат ба шумор рафта, бахту саодати рӯзгори падару модарон мебошанд.
Ҳукумати кишвар ба кӯдакон аҳамияти махсус зоҳир намуда, барои тарбияи дурусти онҳо ва ба воя расонидани номбардорони ояндаи миллат аз тамоми шароиту имкониятҳо истифода менамояд.
Бо ин мақсад барои рӯзгори осоишта, таълиму тарбияи ҳамаҷониба, обутоби маънавию ҷисмонӣ ва аз ҷиҳати молиявӣ ба таври зарурӣ таъмин будани онҳо ҳамаи шароитро фароҳам овардааст.
Иқдомҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таъмини ҳаёти осоиштаи кӯдакон ва риояи ҳуқуқу озодиҳои онҳо, дар рӯҳияи меҳру муҳаббат ба Ватан ва ҳамчун насли солиму созанда тарбия ёфтани онҳо равона гардидаанд.
Басо хушоянд аст, ки дар натиҷаи ин саъю талошҳо, ҳаёти фарзандони кишвар сол аз сол беҳтару рангинтар мегардад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр низ барои ғамхории доимӣ фаро гирифтан ва фароҳам овардани тамоми шароитҳои зарурии вобаста ба омӯзишу парвариши кӯдакон ва насли наврас таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуда, баҳри кӯмаку дастгирии онҳо мунтазам корҳои судмандро ба анҷом мерасонад.
Дар ин самт, дар навбати аввал ба кӯдакони ятиму бепарастор, эҳтиёҷманду имконияташон маҳдуд ва ба фарзандон аз оилаҳои камбизоат аҳамият дода мешавад.
Албатта мо аз он қаноатмандем, ки дар ин ҷода дар пайравӣ ба фазилатҳои неки инсонӣ ва сиёсати хирадмандонаву инсонпарваронаи Пешвои муаззами миллат аксари роҳбарону фаъолон, соҳибкорон, шахсони хайрхоҳ, вакилон, ходимони дин ва саховатмандони шаҳр фаъолияти хуб нишон медиҳанд.
Роҳбарияти шаҳр минбаъд чунин иқдомҳои некро бо мақсади кӯмаку дастгирии кӯдакону наврасон идома бахшида, тамоми имкониятҳоро баҳри таъмини зиндагии шоистаи насли наврас равона менамояд.
Дар ин айёми фараҳбахш, бори дигар фарзандони дӯстрӯякро самимона табрику таҳният гуфта, барояшон тамоми хушиҳои рӯзгорро таманно дорам.
Бигзор, тифлакони саодатманди мо таҳти ғамхории ҳамешагии давлату Ҳукумат, аҳли ҷомеа ва волидайн қарор дошта, дар оянда ҳамчун шахсони бонангу номус, ватандору ватандӯст ва донишманду хушахлоқ ба воя расанд.
Ид муборак, ҳамдиёрони арҷманд!
Бо эҳтиром,
Раиси шаҳри Конибодом Даврон Зоҳидзода

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан
Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост
Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?