Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4313619
Сегодня
15
На этой неделе
757
В этом месяце
3225
Итого
4313619
Диққат ОЗМУН барои ишғоли чои корӣ ************* Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

27.05.2025

Табрикоти Раиси шаҳр Даврон Зоҳидзода ба муносибати Рӯзи Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табрикоти
Раиси шаҳр Даврон Зоҳидзода ба муносибати Рӯзи Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарҳадбонони гиромӣ!
Сарбозон ва афсарони мӯҳтарам!
Нахуст, иҷозат фармоед, ҳамаи шумо, муҳофизони далеру шумо ва фарзандони содиқи Ватанро ба муносибати Рӯзи Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона муборакбод намуда, дар ҷодаи хизмати бошарафона баҳри ободиву осудагӣ ва фардои дурахшони ватани азизамон барору сарбаландиҳо орзу намоям.
Воқеан ҳам Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамонро бе қӯшунҳои сарҳадӣ тасаввур кардан имконнопазир аст, зеро пуштибонӣ аз сулҳу оромӣ дар кишвар маҳз тавассути мардонагии ҳар яки шумо таъмин мегардад.
Бо хизмати содиқонаи шумоён дар ин сарзамин, дар ин марзу буми муқаддаси аҷдодӣ осоиштагӣ ҳукмфармо буда, мардуми шарафмандамон бо шукргузорӣ, дар фазои сулҳу ваҳдати миллӣ баҳри ободии Ватан талошҳо меварзанд.
Аз ҷумла дар шаҳри мо - Конибодом низ чор адад дидбонгоҳҳои сарҳадӣ ҷой дода шуда, дар онҳо садҳо фарзандони вафодори миллат аз гӯшаву канори мамлакатамон дар назди Ватан – Модар хизмати содиқонаву софдилонаро иҷро мекунанд.
Ҳамагон шоҳиди онем, ки дар доираи дастгириҳо Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он бешубҳа ба яке аз қувваҳои қудратманди минтақа табдил ёфтааст.
Чунин тадбирҳои амниятии андешидашуда ва вазъияти эътимодбахш имконият медиҳад, ки то ҳар яки мо бо хотири ҷамъу дили пур машғули кору зиндагии орому осуда бошем.
Мутассифона набзи сиёсии ҷаҳони имрӯза ҷомеаро дучори шаклҳои нави муқовимати низомӣ намуда, ҳар лаҳза хатарҳои ба амаломада метавонад, амнияти ин ё он кишварро халалдор созанд.
Пӯшида нест, ки зуҳуроти нави солҳои охир – терроризму экстремизм, ки аз ҷумлаи фаъолтарин хатарҳои ҷаҳонист, сокинони тамоми сайёраро дар ҳоли нигаронӣ қарор додаст.
Имрӯз мо бо такя ба таҷрибаи нерӯҳои низомии кишвар бо боварӣ гуфта метавонем, ки онҳо дар муқобили ҳама гуна таьдидҳо истодагарӣ менамоянд ва дар навбати аввал маҳз шумоён – сарҳадбонони шуҷоъ такягоҳи асосии давлат ва сипари боэътимоди миллат ба шумор рафта, дар таъмини сулҳу субот нақши муассир доред.
Бинобар мардуми кишвар ба шумоён – сарҳадбонони гиромӣ умеду боварии қавӣ дошта, итминон дорад, ки минбаъд низ, баҳри ҳимояи марзҳои Ватан ва таъмини ҳаёти осоиштаи мардум содиқона хизмат хоҳед кард.
Муҳтарам сарбозон!
Бо чунин орзуву ниятҳои нек, бори дигар ҳамаи шумоёнро ба муносибати Рӯзи Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона муборакбод намуда, бароятон сиҳативу саломатӣ ва дар фаъолияти пурифтихори хизматиатон пирӯзиҳо орзумандам
Ид муборак, фарзандони содиқи Ватан!
Бо эҳтиром Раиси шаҳр Даврон Зоҳидзода
Возможно, это изображение 2 человека, отдел новостей, помост и текст
Возврат к списку новостей