Посетители
4313615
Сегодня
11
На этой неделе
753
В этом месяце
3221
Итого
4313615
23.05.2025
ПИРӮЗӢ ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ВАТАНПАРВАР"
ПИРӮЗӢ ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ВАТАНПАРВАР"
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо таъкид менамоянд, ки "Дар руҳияи ҳисси баланди миллӣ, садоқат ба давлату миллат, ватандӯстиву хештаншиносӣ ва пос доштани арзишҳои миллӣ тарбия намудани наврасону ҷавонон вазифаи муҳимтарини ҳама сохтору мақомот ва аҳли ҷомеа мебошад " .
Санаи 22 майи соли 2025 дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе, дар қисми ҳарбии №02615 -и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон даври ниҳоӣ - ҷумҳуриявии мусобиқаи ҳарбӣ-варзишии "Ватанпарвар " доир гардид.
Боиси ифтихор аст, дар ин мусобиқаи бонуфуз дастаи ҳарбӣ - варзишии шаҳри Конибодом, хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом ширкат варзиданд. Дар байни 7 дастаҳое, ки минтақаҳои гуногуни кишварро муаррифӣ мекарданд, дастаи шаҳри Конибодом маҳорати баланд нишон дода, соҳиби ҷойи аввал гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи ҳарбӣ-варзишии "Ватанпарвар" тибқи дастури Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстонаи ҷавонон ва дар руҳияи худшиносиву худогоҳӣ ба камол расонидани онҳо миёни муассисаҳои таълимии кишварамон гузаронида мешавад, ки он дар тайёр намудани ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва дифои Модар-Ватан заминаи боэътимод мегузорад.
Ғалаба муборак, фарзандони шуҷои Ватан!

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?