Посетители
4313615
Сегодня
11
На этой неделе
753
В этом месяце
3221
Итого
4313615
23.05.2025
Мулоқоти Раиси шаҳри Конибодом Даврон Зоҳидзода бо сокинони ҷамоати деҳоти Фирӯзоба
Мулоқоти Раиси шаҳри Конибодом Даврон Зоҳидзода бо сокинони ҷамоати деҳоти Фирӯзоба
Имрӯз дар деҳаи Диловарони ҷамоати деҳоти Фирӯзоба мулоқот бо сокинон ва фаъолон доир гардид.
Мулоқотро Раиси шаҳри Конибодом Даврон Зоҳидзода оғоз намуда, афзуд, ки санаи 17-уми майи соли равон дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони кишвар мулоқот намуда, вазъи иқтисодӣ, хусусан соҳаҳои саноат ва кишоварзии мамлакатро мавриди баррасиву муҳокимаи амиқ қарор доданд.
Инчунин раиси шаҳр гуфта гузашт, ки чунонеи Пешвои муаззами миллат таъкид доштанд, вазъи буҳронии ҷаҳони имрӯза ва дигар мушкилоте, ки ҳоло инсоният бо онҳо рӯ ба рӯ омадааст, мову шуморо водор месозанд, ки тамоми захираҳо, имкониятҳо ва неруи худро ба хотири расидан ба ҳадафу нақшаҳои дар наздамон қарордошта – таъмини рушди минбаъдаи давлат, ободии Ватан ва мунтазам беҳтар гардонидани шароити зиндагии ҳар як оила сафарбар созем.
Дар идома Прокурори шаҳри Конибодом, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 Орифзода Парвиз Рустам баромад намуда, вобаста ба яке аз масъалаҳои мубрами рӯз — ворид гардидани тағйирот ба Кодекси ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба истифодаи нерӯи барқ суханронӣ намуд.
Инчунин таъкид гардид, ки минбаъд сари вақт насупоридани маблағи истифодаи нерӯи барқ, тағйири нишондоди таҷҳизоти ҳисоби барқ ва ё бепайвасткунӣ ба чунин таҷҳизот ва дар натиҷа барои вайрон кардани қоида ва меъёрҳои истифодаи қувваи барқ ҷаримаҳо афзуда (ба андозаи 365 то 1200 нишондиҳанда), ҳатто аз озодӣ маҳрум шудан (аз 3 то 10 сол) мумкин аст.
Дар охир, аз ҷониби сокинон оид ба масъалаҳои матраҳшуда саволу ҷавобҳо сурат гирифта, ҷавобҳои мушаххас аз ҷониби масъулини соҳаҳо дода шуд.
Муаллиф: Искандар Толибов

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?