Посетители
4313615
Сегодня
11
На этой неделе
753
В этом месяце
3221
Итого
4313615
23.05.2025
Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Чорабинӣ бо иштироки васеи ҷавонон, намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллӣ, омӯзгорон ва сокинони шаҳр дар фазои идона баргузор шуд. Дар оғози ҳамоиш Раиси шаҳри Конибодом Даврон Зоҳидзода ҳамаи ҳозиринро ба ифтихори ин рӯзи фархунда самимона табрик гуфта, нақши ҷавононро дар рушди ҷомеа баланд арзёбӣ намуд.
Раиси шаҳр таъкид кард, ки ҷавонон неруи созанда ва пешбарандаи ҷомеа мебошанд ва дастгирии онҳо яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Даврон Зоҳидзода ҳамчунин зикр кард, ки саҳми ҷавонон дар пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар намоён аст.
Дар ҷараёни суханронӣ таъкид гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон таваҷҷуҳи хос зоҳир менамоянд ва ҳамеша онҳоро ҳамчун неруи созандаи давлату миллат арзёбӣ мекунанд. Ҷаноби Олӣ қайд мекунанд:
«Ҷавонон неруи созандаи давлат ва насли ояндасози миллат мебошанд. Мо ҳамеша ба онҳо такя мекунем ва аз онҳо корҳои шоистаро интизорем».
Ҳукумати Тоҷикистон тавассути барномаҳои гуногун, аз ҷумла таъсиси стипендияҳои президентӣ, квотаҳои таҳсил барои ҷавонони ноҳияҳои дурдаст ва озмунҳои ҷумҳуриявӣ, ҷавонони лаёқатмандро дастгирӣ менамояд. Ин иқдомҳо бо мақсади рушди маърифатӣ ва касбии насли ҷавон амалӣ мегарданд.
Дар идомаи ҳамоиш ба як қатор ҷавонони фаъол, ғолибони озмуну мусобиқаҳои шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ, инчунин ба оилаи Обидовҳо, ки дар озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи беҳтарин» ҷои якумро ишғол намуданд, туҳфаҳои хотиравӣ ва ифтихорномаҳо супорида шуданд. Ин иқдом бо мақсади қадршиносии заҳмату талошҳои ҷавонони фаъол роҳандозӣ гардид.
Дар фарҷоми чорабинӣ санъаткорони шуъбаи фарҳанги шаҳр бо иҷрои суруду таронаҳои ватандӯстона табъи иштирокчиёнро болида гардонида, ба ҳамоиш руҳу равиши хос бахшиданд.
Муаллиф: Н.Умаров
Акс: Ф.Муқимов

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?