Посетители
4428811
Сегодня
139
На этой неделе
584
В этом месяце
9693
Итого
4428811
22.05.2025
Паёми табрикии Раиси шаҳри Конибодом Даврон Зоҳидзода бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон
Ҳамдиёрони азиз!
Ҷавонони сарбаланди Конибодом!
Ҳамаи Шуморо ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон самимона таҳният гуфта, бароятон тансиҳатӣ, иқболи баланд, саодати рӯзгор ва дар фаъолияти босамаратон ба хотири ободии Тоҷикистони азиз барору комёбиҳо орзу менамоям.
Дарвоқеъ, шумоён - ҷавонони ватандӯсту хештаншинос нерӯи созанда, такягоҳи воқеӣ, ифтихори миллат ва давлати Тоҷикистон ҳастед.
Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар Ҳукумати мамлакат, хосатан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми шумоён – ҷавононро дар татбиқи ҳадафҳои стратегӣ, сиёсати пешгирифтаи давлат ва рушду пешрафти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар басо назаррасу арзишманд арзёбӣ намуданд.
Тавре ки равшан аст, дар замони муосир танҳо кишварҳое ба дастовардҳои бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ ва рушди устувори илмиву фарҳангии ҷомеа муваффақ мегарданд, ки ба масъалаи ҷавонон таваҷҷӯҳи зарурӣ дода, имкониятҳои фаровони зеҳнӣ ва ҷисмонии онҳоро ба самти дурусту созанда равона намоянд.
Қабул гардидани як қатор барномаҳои миллии ҷавонон, зиёд гардидани стипендияи донишҷӯён, ҳамзамон, роҳандозӣ гардидани озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, аз қабили «Тоҷикистон - Ватани азизи ман», «Илм - фурўғи маърифат», «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикон – оинаи таърихи миллат» ба шумоён имконият фароҳам меоварад, ки донишу маҳорат, ҳунару истеъдоди волои худро боз ҳам баланд намуда, дар рушду пешрафти Ватани маҳбубамон саҳмгузор бошед.
Мо аз он қаноатманд ҳастем, ки ҷавонони шаҳрамон дар олимпиадаву озмунҳои фаннӣ ва мусобиқаҳои варзишии сатҳи гуногун сазовори медалу ҷоизаҳо гардида, шӯҳрати зодгоҳи хешро афзун менамоянд.
Ҷавонони азиз!
Доимо зираку худогоҳ буданро фаромӯш насозед ва чун пайравони асили Пешвои муаззами миллат ба халқу миллат содиқона хизмат намоед.
Боварии комил дорам, ки Шумо – ҷавонони ватандӯсту ватанпарасти ин диёри бостонӣ аз ӯҳдаи иҷрои ҳама гуна вазифаҳои дар наздатон гузошта- шуда сарбаландона мебароед ва минбаъд низ баҳри ободии ин сарзамини аҷдодӣ саъю талош менамоед.
Бо чунин орзуву ниятҳои нек, бори дигар ҳамаи шумо – ҷавонон ва дар симоятон кулли ҳамшаҳриёнро ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон муборакбод намуда, баҳратон тамоми хушиҳои зиндагӣ ва дар таҳсилу фаъолияти ҳамарӯза пирӯзиҳо орзумандам.
Рӯзи ҷавонони кишвар муборак!
Бо эҳтиром Раиси шаҳри Конибодом Даврон Зоҳидзода

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан
Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост
Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?









