Посетители
4313615
Сегодня
11
На этой неделе
753
В этом месяце
3221
Итого
4313615
22.05.2025
Ҷаласаи Шӯрои миллии кор бо ҷавонони назди Раиси шаҳри Конибодом баргузор гардид.
22 май дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷаласаи Шӯрои миллии кор бо ҷавонони шаҳри Конибодом баргузор гардид.
Дар ҷаласа аъзои Шӯро, Раиси шаҳри Конибодом Даврон Зоҳидзода, муовини якуми раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, гирандагони идрори Президентӣ, варзишгарон ва ҷавонони фаъол иштирок намуданд.
Нахуст ҷаласаро Раиси шаҳри Конибодом Даврон Зоҳидзода ифтитоҳ карда таъкид намуд, ки дастовардҳои ҷавонони шаҳр, ки алҳол 63 ҳазору 700 нафар мебошанд, сухан мекунем, балки оид ба мушкилоту муаммоҳои ҷавонон, фаъолияти шӯро ва бахши ҷавонон, рушди соҳаи варзиш, риояи тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҷинояткориҳо миёни ҷавонон, шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, дар маҷмӯъ доир ба таълиму тарбияи дурусти ҷавонону наврасон ҳарф хоҳем зад.
Инчунин шаҳрдор қайд кард, ки роҳандозии фаъолияти босамари ҳар яки шумо - ҷавонони фаъоли шаҳр баҳри ободиву пешрафти диёр мебошад.Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Раиси шаҳри Конибодом санаи 4 ноябри соли 2015 дар ҳамҷоягӣ бо бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Конибодом таъсис дода шудааст.
Дар идома мудири бахши кор бо жавонон ва варзиш Ӯрунов Мақсуд, директори Муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳр Саидов Саидмуҳаммад баромад намуда, вобаста ба муваффақиятҳои ҷавонону наврасон ва варзишгарони шаҳр дар олимпиадаву озмунҳои фаннӣ ва мусобиқаҳои варзишии сатҳи гуногун маълумот дод. Дар идома атрофи муаммову проблемаҳои ҷойдоштаи ҳаёту фаъолияти ҷавонони шаҳр андешаҳои худро бобати тақвияти фаъолияти ҷавонон дар миқёси шаҳр иброз намуданд.
Дар охир аз жониби Раиси шаҳри Конибодом Даврон Зоҳидзода ба ҷавононе ки дар “Ҳафтаи иштироки ҷавонон дар идоракунии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом” иштирок намуданд гувоҳнома супорида шуд.

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?