Посетители
4313604
Сегодня
174
На этой неделе
742
В этом месяце
3210
Итого
4313604
14.05.2025
Чорабинии идона бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила
Имрӯз дар шаҳри Конибодом бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила чорабинии идона баргузор гардид. Дар оғоз, муовини аввали Раиси шаҳр Шӯҳрат Шокирӣ паёми табрикотии Раиси шаҳри Конибодом Даврон Зоҳидзодаро ба самъи ҳозирин расонид.
Қайд гардид, ки ҳамасола, бо қарори Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид рӯзи 15-уми май дар саросари ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии оила ҷашн гирифта мешавад.
Оила дар фарҳанги миллати тамаддунофари тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардида, беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз ҷумла муҳаббат, садоқат, самимият, вафодорӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва таҳаммулгароӣ маҳз дар доираи он ташаккул меёбанд.
Чуноне ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд:
«Нақши модарону занон дар таҳким ва рушди ҷомеа, бунёди оилаи хушбахт, таълиму тарбияи фарзанд ва афзоиши эътибори хонадон ниҳоят муҳим ва арзишманд мебошад. Вақте мо як писарро тарбия мекунем, як мардро ба камол мерасонем, аммо вақте духтаре ба камол мерасад — миллат ба камол мерасад. Зан — модар офаранда ва тарбияткунандаи авлоди башар аст, ки неъматҳои бузурги ҳаёт — озодӣ, сулҳ, оромӣ ва осудагиро ҳамеша қадр менамояд».
Дар чорабинӣ панҷ оилаи намунавии шаҳр иштирок намуда, бо туҳфаҳои таъсиснамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қадрдонӣ гардиданд.
Ҳамчунин, дар ҷараёни чорабинӣ ба як оилаи ҷавон шаҳодатномаи ақди никоҳ ва ба падару модарони навзодон шаҳодатномаҳои таваллуд дар вазъияти тантанавӣ супорида шуданд.
Мақсади асосии баргузории ин чорабинӣ арҷгузорӣ ба арзишҳои муқаддаси оиладорӣ, тақвияти меҳру муҳаббат ва ҳамдигарфаҳмӣ дар оила, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, ҳисси масъулияти волидон дар таълиму тарбияи фарзандон ва омода намудани онҳо ба зиндагии мустақилона мебошад.
Дар фарҷоми чорабинӣ ҳунармандони шуъбаи фарҳанги шаҳр бо сурудҳо ва саҳначаҳои ҷаззоб фазои идонаро зебо гардониданд ва ҳозиринро шод намуданд.
Муаллиф: Нуъмон Умаров
Акс : Фарҳод Муқимов

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?