Посетители
4313600
Сегодня
170
На этой неделе
738
В этом месяце
3206
Итого
4313600
13.05.2025
Паёми шодбошии Раиси шаҳри Конибодом муҳтарам Даврон Зоҳидзода бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила
Паёми шодбошии
Раиси шаҳри Конибодом муҳтарам
Даврон Зоҳидзода бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила
Ҳамдиёрони азиз!
Ба ифтихори Рӯзи байналмилалии оила ҳамаи шумоёнро сидқан таҳният гуфта, ба ҳар як хонавода ҳамдигарфаҳмӣ, пойдорӣ, меҳру садоқат ва сарсабзиву шукуфоӣ таманно менамоем.
Ҳамасола бо қарори Ассамблеяи Созмони Милали Муттаҳид санаи 15 - уми май дар тамоми дунё ҳамчун Рӯзи байналмилалии оила ҷашн гирифта мешавад.
Ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҷиҳати таъмини заминаҳои ҳуқуқии оила ва ҳимояи иҷтимоии он тадбирҳои мушаххас роҳандози гардида силсилаи барномаҳои давлатӣ дар ин самт ба тавсиб расидаанд.
Чуноне ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд «Нақши модарону занон дар таҳким ва рушди ҷомеа бунёди оилаи хушбахт, таълиму тарбияи фарзанд ва афзоиши эътибори хонадон ниҳоят муҳиму арзишманд мебошад. Вақте мо як писарро тарбия мекунем, мо як мардро ба воя мерасонем, аммо вақте мо духтарро ба камол мерасонем миллат ба камол мерасад. Зан - Модар офаранда ва тарбияткунандаи авлоди башар аст, ки ҳаёт ва неъматҳои бузурги он озодӣ, сулҳ, оромӣ ва осудагиро ҳамеша қадр менамояд».
Дар Тоҷикистони азизи мо низ бо мақсади тарғибу ташвиқи анъанаҳои неки оиладорӣ, ҷалб намудани диққати аҳли ҷомеа ба оила, андешидани чораву тадбирҳои судманд баҳри пойдориву устуворӣ ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои он ин санаи муҳим дар сатҳи зарурӣ қайд карда мешавад.
Таҳкими пояҳои оила, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва мустаҳкамиву устувории хусусан, оилаҳои ҷавон айни ҳол, аз ҳамаи мову шумо, масъулин ва аҳли ҷомеа таваҷҷӯҳи бештар ва андешидани тадбирҳои иловагиро тақозо дорад.
Бешубҳа, боиси ифтихори ҳамаи мост, ки ҳазорҳо хонаводаҳо дар шаҳрамон тавассути якдигарфаҳмӣ, меҳру садоқат ва дӯстиву рафоқати хеш ҳамчун намуна эҳтирому эътибори ҷомеаро сазовор гардидаанд.
Хонаводаи аҳлу тифоқ баҳри пешрафти ҳаёт ҳамаҷониба мусоидат менамояд ва оилаи солим сарчашмаи ҷомеаи солиму бомаърифат ва пешрафта мебошад.
Изҳори бовариву эътимод менамоем, ки шумоён, ҳамшаҳриёни азиз, тамоми фаъолон, собиқадорон, бонувони пешқадам ва оилаҳои барӯманди шаҳр таҷрибаи бою назарраси зиндагидории хешро боз ҳам беҳтару васеътар ба насли ҷавон омӯзонида, дар тарғибу ташвиқи анъанаҳои неки оиладории шарқиёна саҳми арзандаи хешро мегузоред ва баҳри гиромидошти ин муқаддасот тамоми маҳорату малакаи хешро равона месозед.
Бори дигар, ҳамаи сокинони сарбаланди Канди бостониро ба муносибати ин санаи муҳим самимона табрику муборакбод намуда, бароятон тамоми хушиҳои рӯзгорро орзумандем.
Бигзор, ҳамеша чароғи хонадонатон фурӯзону қалбҳоятон гарму равшан бошад.
Рӯзи байналмилалии оила муборак, ҳамдиёрони арҷманд!
Бо эҳтиром,
Раиси шаҳри Конибодом Даврон Зоҳидзода

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан
Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост
Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?