Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4313600
Сегодня
170
На этой неделе
738
В этом месяце
3206
Итого
4313600
Диққат ОЗМУН барои ишғоли чои корӣ ************* Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

12.05.2025

Муҳтарам аҳли эҷоди ансамбли «Шашмақом» - и шуъбаи фарҳанги шаҳр

Боиси сарфарозист, ки бо иқдоми бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи мубораки 12 – май ҳамчун Рӯзи шашмақом эълон гардида, он ҳамасола бо шукуҳи тоза таҷлил карда мешавад
Ба ин муносибат аҳли эҷоди ансамбли «Шашмақом» - и филармонияи мардумии шуъбаи фарҳанги шаҳр ва алоқамандони ин санъати волоро самимона муборакбод намуда, баҳратон саломатии бардавом, рӯзгори ободу осуда ва ба аҳли эҷод илҳоми тоза таманно намоям.
Бояд зикр намуд, ки маҳз дар даврони истиқлоли давлатӣ дар кишварамон ба санъати шашмақом умри дубора бахшида шуда, аз ҷумла дар шаҳри мо низ, ба рушду нумӯи ин мусиқии суннатии тоҷик таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад. Тарбияи ҳамаҷонибаи як зумра истеъдодҳо ва таъсиси ансамбли «Шашмақом» дар назди бахши фарҳанги шаҳр бешубҳа дастоварди назаррас дар ин ҷода мебошад.
Санъати мусиқии классикии халқи тоҷик таърихи қадима дошта, дар муҳити наву муосири фарьангӣ анъанаҳои беҳтарини тамаддуни бостониро идома додааст. Яке аз ганҷинаҳои бебаҳое, ки имрӯз аз фарҳангу маданияти гузашта ба мардуми тоҷик омада расидааст, албатта ин санъати волои шашмақом буда, аз асрҳои дури таърих, аз ниёгони маърифатпарвару фарьангдӯстамон то замони мо ба ёдгор мондааст.
Мо аз он қаноатманд ҳастем, ки мақомхонони мо бо таронаҳои марғуби классикӣ дар қалби ҳар як сокини фарҳангпарвар ҷой гирифта, созу навои ҷонбахши эшон зеби ҳар хонадон ва маҳфилҳои фарҳангии умумишаҳрӣ гардидаанд. Ансамбли мазкур тӯли мавҷудият рисолати фарҳангии хешро сарбаландона иҷро намуда, дастпарварони он имрӯзҳо ин ганҷинаи беназирро дар миқёси ҷумҳурӣ ва берун аз он моҳирона муаррифӣ менамоянд.
Дар ҳақиқат, шаҳри Конибодом дар миқёси ҷумҳурӣ ҷиҳати омода кардани ҳунармандони асили санъати шашмақом мавқеи хосро доро буда, боварии комил дорем, ки минбаъд низ фаъолияти аҳли фарҳанги шаҳр дар ин самт боз ҳам васеътар идома хоҳад ёфт ва барои омода ва тарбия намудани шогирдон саҳми муассир хоҳад гузошт.
Бори дигар, ин санаи фархундаро самимона таҳният гуфта, ба аҳли ҳунари ансамбли шашмақом дастовардҳои тозаи эҷодӣ орзумандем.
Ид муборак, дӯстони азиз!
Бо эҳтиром,
Раиси шаҳри Конибодом Даврон Зоҳидзода
Возможно, это изображение 2 человека, отдел новостей, помост и текст
Возврат к списку новостей