Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4300823
Сегодня
184
На этой неделе
1414
В этом месяце
3305
Итого
4300823
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

08.05.2025

Мулоқоту вохӯриҳо бо сокинони деҳаҳои шаҳри Конибодом бо усули "деҳа ба деҳа" "маҳалла ба маҳалла"

Мулоқоту вохӯриҳо бо сокинони деҳаҳои шаҳри Конибодом бо усули "деҳа ба деҳа" "маҳалла ба маҳалла" идома дорад.
Тибқи нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар деҳаи Сайҳуни ҷамоати деҳоти Фирӯзоба мулоқот бо сокинону фаъолон доир гардид.
Дар мулоқот мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр Маҳмудов Баҳодур, мудири шӯъбаи ташкилии КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Ализода Акмал, сармутахассиси шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр Толибов Искандар, сармутахассиси агентии шуғли аҳолӣ Фозилова Парвина , иштирок ва суханронӣ намуданд.
Баромадкунандагон зимни суханронӣ оиди мӯҳтавои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак", " Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон"ва "Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон" моддаи 382 " Риоя накардани қоидаҳои истифодаи қувваи барқ ва гармӣ" ҳарф зада, таъкид карданд, ки масъалаҳои пешгирии омилҳои номатлуби терроризму ифротгароӣ, тарғибу ташвиқи фарҳанги миллӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули худшиносиву зиракии сиёсӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлат ва хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, сухан ронда шуд.Чунин мулоқотҳо бо усули "деҳа ба деҳа", "маҳалла ба маҳалла" дар дигар ҷамоату деҳот кумитаҳои маҳаллии шаҳр баргузор карда мешавад.
Возможно, это изображение 4 человекаВозможно, это изображение 11 человекВозможно, это изображение 7 человекВозможно, это изображение 10 человек и деревоВозможно, это изображение 18 человек
Возврат к списку новостей