Посетители
4300833
Сегодня
194
На этой неделе
1424
В этом месяце
3315
Итого
4300833
08.05.2025
Дар Конибодом боз як кӯча мумфарш карда шуд
Дар доираи татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба маромҳои созандагиву бунёдкорӣ, аз ҷумла таъмиру таҷдиди босифати роҳҳо ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом корҳои ободонию мумфаршкунӣ вусъат меёбанд.
Чунин ташаббусҳои созанда бо иштироки васеи мардум ва мусоидату дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ҷамоати деҳоти Куҳандиёр низ амалӣ мешаванд. Аз ҷумла, роҳи кӯчаи маҳаллаи ба номи Абдураҳмон Ҷомӣ ба масофаи 1 километр пурра мумфарш карда мешавад.
Иқдоми мазкур бо дастгирии мақомоти маҳаллӣ ва иштироки фаъолонаи сокинон амалӣ гардида, дар ин роҳ саҳмгузории афроди худшиносу ватандӯст, ки ҳатто маблағи ҷамъовардаашон барои сафари ҳаҷро харҷ менамоянд, рӯз то рӯз афзуда, далели возеҳи пиёданамоии ҳидоятҳои созандагии Пешвои маҳбуби миллат мебошад. Бино ба иттилои сокинони маҳалла,харобии роҳ ба рафтуомади сокинон, хусусан дар рӯзҳои боронӣ, монеа эҷод мекард. Бо татбиқи ин иқдом, мушкилоти сокинон бартараф гардида, роҳи нав бо сифати баланд ва мутобиқ ба меъёрҳои техникӣ аз ҷониби Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои шаҳри Конибодом мумфарш мегардад.
Масъулин изҳор медоранд, ки корҳои таъмири роҳҳо дар дигар маҳаллаҳои шаҳр низ марҳила ба марҳила амалӣ хоҳанд шуд.
Раиси шаҳр Даврон Зоҳидзода зимни боздид ва суҳбат бо сокинон изҳори сипос намуда, қайд кард, ки чунин ҳамбастагии мардум бо мақомоти давлатӣ нишонаи беҳтарини ваҳдати миллӣ, пуштибонии комил аз сиёсати Ҳукумати кишвар ва эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ дар назди Ватан аст.

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?