Посетители
4300833
Сегодня
194
На этой неделе
1424
В этом месяце
3315
Итого
4300833
08.05.2025
Дар Конибодом ба муносибати 80-солагии Рӯзи Ғалаба ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд
Дар Конибодом ба муносибати 80-солагии Рӯзи Ғалаба ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд
8 майи соли 2025 дар майдони Шоҳ Исмоили Сомонии шаҳри Конибодом ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 80-солагии Рӯзи Ғалаба бар фашизми Германия дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941–1945 баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Раиси шаҳри Конибодом Даврон Зоҳидзода, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати тандурустии вилоят Хайруллозода Ҳабибулло, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳо, собиқадорон, фаъолон ва ҷавонон иштирок доштанд.
Нахуст, Раиси шаҳр Даврон Зоҳидзода суханронӣ намуда, иброз дошт, ки дар таъмини Ғалаба бар фашизм фарзандони шуҷои халқи тоҷик низ саҳми бузург гузоштаанд. Зикр гардид, ки зиёда аз 300 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҷабҳаи ҷанг сафарбар гардида, беш аз 100 ҳазор нафари онҳо ҷони худро барои ҳимояи Ватан фидо намудаанд.
Ҳамзамон таъкид шуд, ки беш аз 6 ҳазор сокинони шаҳри Конибодом ба набард сафарбар шуда, зиёда аз 3 ҳазор нафари онҳо дар ҷабҳа ҳалок шудаанд. Бо ифтихор ёдоварӣ шуд, ки Неъмат Қаробоев ва Эргаш Шарифов — фарзандони фарзонаи ин сарзамин — барои қаҳрамониҳои бемисл бо унвони олии «Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ» сарфароз гардидаанд.
Раиси шаҳр инчунин зикр кард, ки 420 нафар иштирокчиёни ҷанг аз Конибодом бо ордени «Ситораи сурх» ва 40 нафар бо ордени «Шараф» қадрдонӣ шудаанд, ки ин мукофотҳо нишонаи корнамоӣ ва садоқат ба Ватан мебошанд.
Даврон Зоҳидзода афзуд, ки гиромидошти хотираи қурбониён ва қадршиносӣ аз иштирокчиёну оилаҳои шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва фидокорони меҳнати ақибгоҳ ҳамеша таҳти таваҷҷуҳи хосаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва давлату Ҳукумати кишвар қарор дорад.
Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Пос доштани хотираи фарзандони шуҷои Ватан ва ғамхорӣ дар ҳаққи онҳое, ки ба хотири ҳимояи Ватан ва зиндагии осудаи наслҳои имрўзу ояндаи халқамон ҷонбозию фидокориҳо кардаанд, вазифаи инсонии мо ва ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа мебошад».
Мо насли имрўз ҳамеша дар назди хотираи қурбониёни ҷанг сари таъзим фуруд оварда, корнамоиҳои падарону бобоёни шуҷои хешро ҳаргиз фаромўш намесозем.
Хусусан, дар шароити мураккаби ҷаҳони имрўза, ки хатарҳои муосир вусъат пайдо мекунад, тарғибу ташвиқи сулҳу дўстӣ ва корнамоиҳои иштирокдорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ҷодаи мубориза бар зидди таҳдидҳои нав аз қабили терроризму ифротгароӣ ва миллатгароиву наҷодпарастӣ ниҳоят муҳим мебошад.
Изҳори умеду боварӣ мекунем, ки кору пайкор ва хизматҳои шарафмандонаи ҳимоятгарони Ватан барои насли имрўзу фардо чун намунаи барҷастаи фидокориву садоқатмандӣ ҷовидон хоҳад монд.
Дар идомаи чорабинӣ маросими савгандёдкунии наваскарони қисми низомии №04080 баргузор гардида, дар фарҷом аз ҷониби аҳли ҳунар барномаи рангини консертӣ пешкаши иштирокдорон гардонида шуд.




























Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан
Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост
Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?