Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4300833
Сегодня
194
На этой неделе
1424
В этом месяце
3315
Итого
4300833
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

08.05.2025

Паёми шодбошии Раиси шаҳр ба ифтихори 80-солагии Иди Ғалаба

Ҳамдиёрони азиз!
Ҷашни пуршукуҳу таърихӣ, 80 - умин солгарди Рўзи Ғалабаи мардуми собиқ Иттиҳоди Шўравиро бар фашизми Германия ба ҳамаи шумоён таҳният мегўям.
Санаи 9 - май барои мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол фаромўшнопазиру таърихӣ ва азизу мўътабар буда, ин ҷашни бузург ҳамасола дар ҷумҳуриамон бо омодагиҳои хоса ва басо хотирмон таҷлил мегардад.
Таърих гувоҳ аст, ки ҷанги дуюми ҷаҳонӣ мудҳиштарин фоҷеа дар таърихи инсоният ба шумор рафта, миллионҳо нафар одамонро ба тўъмаи оташ кашидааст ва манзараҳои даҳшатбори он тасаввурнопазир аст.
Баҳри таъмини Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ баробари халқҳои сулҳпарвари ҷаҳон фарзандони шуҷои халқи тоҷик низ нақши муассир гузошта, дар набардҳои майдони ҷанг далерии бемисл нишон доданд ва ҳазорҳо нафар дар арсаи ҷанг қаҳрамонона шаҳид гардидаанд.
Зиёда аз 6 ҳазор нафар ҳамшаҳриёнамон дар майдони хунини набард иштирок карда, дар таъмини Ғалабаи оламшумул ҳиссаи арзандаи хешро гузоштаанд.
Дар он айёми сангин ҷонфидоиҳои мардуми ақибгоҳ низ ҳамвазни корнамоиҳои сарбозон буд, зеро меҳнати вазнини шабонарўзии пиронсолону наврасон тавассути ба майдони муҳорибаҳо дастрас намудани озуқаву сару либос ва дигар маводҳои лозима ҳар лаҳза Рўзи Ғалабаро наздиктар мекард.
Аз ин лиҳоз гиромидошти хотираи қурбониён ва қадршиносӣ аз иштирокчиёну оилаҳои шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва фидокорони меҳнати ақибгоҳ ҳамеша таҳти таваҷҷуҳи хосаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва давлату Ҳукумати кишвар қарор дорад.
Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Пос доштани хотираи фарзандони шуҷои Ватан ва Ғамхорӣ дар ҳаққи онҳое, ки ба хотири ҳимояи Ватан ва зиндагии осудаи наслҳои имрўзу ояндаи халқамон ҷонбозию фидокориҳо кардаанд, вазифаи инсонии мо ва ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа мебошад».
Мо насли имрўз ҳамеша дар назди хотираи қурбониёни ҷанг сари таъзим фуруд оварда, корнамоиҳои падарону бобоёни шуҷои хешро ҳаргиз фаромўш намесозем.
Хусусан, дар шароити мураккаби ҷаҳони имрўза, ки хатарҳои муосир вусъат пайдо мекунад, тарҒибу ташвиқи сулҳу дўстӣ ва корнамоиҳои иштирокдорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ҷодаи мубориза бар зидди таҳдидҳои нав аз қабили терроризму ифротгароӣ ва миллатгароиву наҷодпарастӣ ниҳоят муҳим мебошад.
Изҳори умеду боварӣ мекунем, ки кору пайкор ва хизматҳои шарафмандонаи ҳимоятгарони Ватан барои насли имрўзу фардо чун намунаи барҷастаи фидокориву садоқатмандӣ ҷовидон хоҳад монд.
Бо чунин орзуҳои накў бори дигар, ҳамшаҳриёни азизро бо фарорасии ҷашни фархундаи 80 - солагии Иди Ғалаба сидқан шодбошӣ намуда, бароятон тамоми хушиҳои зиндагиро орзумандам.
Бигзор, осмони кишварамон ҳамеша софу беғубор ва мардуми шарифи он доимо сарбаланду пирўз бошанд.
Иди зафар муборак!
Возможно, это изображение 2 человека, отдел новостей, помост и текст
Возврат к списку новостей