Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4428825
Сегодня
153
На этой неделе
598
В этом месяце
9707
Итого
4428825
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат ОЗМУН барои ишғоли чои корӣ

07.05.2025

"РӮЗИ ҒАЛАБА - РАМЗИ ШУҶОАТ ВА СУЛҲ"

"РӮЗИ ҒАЛАБА - РАМЗИ ШУҶОАТ ВА СУЛҲ"
(Дар иртибот ба сафари консули генералии Россия дар шаҳри Хуҷанд дар арафаи таҷлили 80-солагии Иди Ғалаба ва ифтитоҳи осорхонаи ҷамъиятии иштирокдорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ)
Рӯзи 7-уми майи соли 2025 дар Коллеҷи технологӣ мизи мудаввар таҳти унвони “Рӯзи Ғалаба — рамзи шуҷоат ва сулҳ” ба ифтихори 80-солагии Иди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ омӯзгорон, донишҷӯён ва меҳмонони ифтихорӣ — собиқадорони меҳнат ва намояндагони шуъбаи кор бо ҷавонони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом ширкат варзида, перомуни аҳамияти таърихии Рӯзи Ғалаба, фидокорӣ ва ҷоннисориҳои халқи шӯравӣ, махсусан мардуми тоҷику ҷавонони далери онсол, суханронӣ карданд.
Ҳадафи баргузории мизи мудаввар баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, пос доштани хотираи неки қаҳрамонони ҷанг ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи сулҳҷӯиву садоқат ба арзишҳои миллӣ ва инсонӣ мебошад.
Маҳфил бо намоиши аксҳо ва лавҳаҳои таърихӣ, порчаҳои видеоӣ аз муҳорибаҳо ва қироати шеърҳои ватандӯстона ғанӣ карда шуд.
Суханони пурмуҳтавои иштирокдорон ва саволу ҷавобҳо миёни донишҷӯён фазои ҳаяҷоновару ватанпарваронаро фароҳам оварданд.
Дар анҷоми мизи мудаввар аз нақши бузурги сулҳу ваҳдат дар зиндагии имрӯза ёдовар шуда, таъкид гардид, ки пос доштани ин арзишҳо қарзи ҳар як ҷавон ва шаҳрванд аст.
Возможно, это изображение 8 человек и текст «НЕ ЗАБЫТ, ничто НЕ ЗАБЫТО M A»Возможно, это изображение 3 человека, люди учатся и текстВозможно, это изображение ‎9 человек и ‎текст «‎A6blT, A6blT, HИ4To HE 3a6blTO আাল্ S م‎»‎‎Возможно, это изображение 2 человека и текстВозможно, это изображение 4 человека, люди учатся и текстВозможно, это изображение 4 человека и текст
Возврат к списку новостей