Посетители
4300833
Сегодня
194
На этой неделе
1424
В этом месяце
3315
Итого
4300833
07.05.2025
Идомаи мулоқотҳо бо сокинони Конибодом бо усули "деҳа ба деҳа" ва "маҳалла ба маҳалла"
Мулоқотҳо бо сокинони деҳаҳои шаҳри Конибодом бо усули "деҳа ба деҳа" "маҳалла ба маҳалла" идома дорад.
Тибқи нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр имрӯз дар деҳаи Фирӯзоба 2-и ҷамоати деҳоти Фирӯзоба мулоқот бо сокинону фаъолон доир гардид.
Мулоқотро мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр Маҳмудов Баҳодур оғоз намуда, ҳозиринро бо нақшаи муштараки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар самти рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, ки аз ҷониби Раиси шаҳр тасдиқ шудааст шинос намуда оид ба муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, "Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон" моддаи 382 " Риоя накардани қоидаҳои истифодаи қувваи барқ ва гармӣ" суханронӣ намуд.
Сипас мудири бахши хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Конибодом Толибова Фарзона вобаста ба омӯзиши касбу хунар, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва камбудиҳое, ки аз ҷониби муҳоҷирон дар Федератсияи Руссия ба назар мерасад маълумот ироа намуд.
Инчунин сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр Толибов Искандар доир ба масъалаҳои мубрами рӯз аз ҷумла пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ - экстремистӣ террористӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд ва бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ гуфта гузашт.
Дар охир аз ҷониби сокинони деҳа саволҳо пешниҳод шуда, аз ҷониби масъулин ҷавобҳои мушаххас дода шуд. Чунин мулоқоту вохӯриҳо дар дигар ҷамоату деҳоти шаҳр баргузор карда мешавад.

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?