Посетители
4300833
Сегодня
194
На этой неделе
1424
В этом месяце
3315
Итого
4300833
07.05.2025
ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОЙ КИТОБ АСТ" ОҒОЗ ЁФТ.
Имрӯз дар МТМУ √4 шаҳри Конибодом бо мақсади таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025 таҳти рақам АП-709, Қарори Раиси вилояти Суғд аз 31 январи соли 2025 таҳти #33 ва Қарори Раиси шаҳр аз 17 феврали соли 2025 таҳти #51 маросими ифтитоҳи даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз ёфт, ки дар он 386- нафар довталабон ширкат меварзанд. Мудири шуъбаи маорифи шаҳр Бурҳониддин Ҷабборӣ озмунро огоз намуда, аъзои ҳакамони озмун - устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Раҳматов Баҳром,
Зоиров Ҳалимҷон, Субҳони Аъзамзодро муаррифӣ намуданд.
Зимни ифтитоҳ муовини Раиси шаҳр муҳтарам Раҳмонзода Г. иштирокчиёни озмунро ба маросими ифтитоҳи даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» хайрамақдам гуфта, аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом, бахусус аз номи Раиси шаҳри Конибодом муҳтарам Даврон Зоҳидзода ба ҳамаи иштирокчиёни озмун барору комёбӣ ва саодату сарбаландӣ таманно намуд.
Бояд ёдовар шуд, ки озмуни мазкур аз 7 то 8 майи соли ҷорӣ идома меёбад. Озмун бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, калонсолон, намояндагони касбу кори гуногун ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар доир мегардад.

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?