Посетители
4300833
Сегодня
194
На этой неделе
1424
В этом месяце
3315
Итого
4300833
07.05.2025
Дар Конибодом мавсими қабул ва коркарди пилла оғоз ёфт
Дар Конибодом мавсими қабул ва коркарди пилла оғоз ёфт
Имрӯз дар шаҳри Конибодом маросими тантанавии оғози мавсими қабул ва коркарди пилла баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ Раиси шаҳри Конибодом Даврон Зоҳидзода иштирок намуда, бо кирмакпарварони маҳаллӣ мулоқот кард ва аз заҳмати онҳо истиқбол намуд.
Бино ба иттилои намояндаи идораи “Пиллаи тоҷик” дар шаҳри Конибодом Азамат Мамадқулов, соли равон ба кирмакпарварони шаҳр зиёда аз 1050 қуттии кирмак тақдим гардида, тибқи нақша интизор меравад, ки беш аз 40 тонна пиллаи хушсифат ҷамъоварӣ ва ба корхонаҳо супорида шавад. Бар ивази ҳар як килограмм пиллаи супоридашуда, ба кирмакпарварон 20 сомонӣ пули нақд пардохт карда шуд.
Раиси шаҳр зимни суханронӣ таъкид намуд, ки кирмакпарварӣ на танҳо як бахши муҳими иқтисодиёти маҳаллӣ, балки омили дастгирии оилаҳои деҳқонӣ ва рушди саноати сабуки кишвар мебошад. Ӯ зикр кард, ки пиллапарварӣ дар баробари ҳифзи анъанаҳои миллӣ, ба рушди бозори меҳнат ва беҳбудии сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат мекунад.
Дар доираи чорабинӣ ба як қатор кирмакпарварони фаъол, ки дар пешбурди соҳа саҳми назаррас доранд, туҳфаҳо тақдим гардид. Ин иқдом бо мақсади қадрдонии заҳмати софдилонаи кишоварзон ва тақвияти ҳавасмандии онҳо роҳандозӣ шудааст.
Мавриди зикр аст, ки шаҳри Конибодом аз замонҳои қадим ҳамчун яке аз марказҳои асосии кирмакпарварӣ дар кишвар шинохта мешавад ва таҷрибаи бойи деҳқонони маҳаллӣ дар ин самт ҳамеша дар ҳоли рушд қарор дорад.
Муаллиф: Н. Умаров
Акс: Ф. Муқимов

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?