Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4300833
Сегодня
194
На этой неделе
1424
В этом месяце
3315
Итого
4300833
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

07.05.2025

КОНИБОДОМ: ВОХӮРИИ СУДМАНД БО УСУЛИ "МАКТАБ БА МАКТАБ"

КОНИБОДОМ: ВОХӮРИИ СУДМАНД БО УСУЛИ "МАКТАБ БА МАКТАБ"
Имрӯзҳо гуруҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои дахлдор бо усули "Мактаб ба мактаб" бо хонандагон, омӯзгорон ва падару модарон вохӯриҳо гузаронида истодаанд.
Вобаста ба ин, бо иштироки муовини раиси шаҳр Гулчеҳра Раҳмонзода ва дигар шахсони масъули самти рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 32 мулоқот бо ҷамъи васеи падару модарону хонандагон ва омӯзгорон доир гардид.
Зимни вохӯрӣ оид ба татбиқ намудани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», "Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон" моддаи 382 оид ба "Риоя накардани қоидаҳои истифодаи қувваи барқ ва гармӣ" ва саҳмгузорӣ дар ободонию созандагии диёр баррасӣ шуданд. Ҳамзамон, дар доираи корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» ва масъалаҳои пешгирии омилҳои номатлуби ифротгароӣ, терроризму экстеремизм, тақлиди фарҳанги бегона, худкушӣ, инчунин, муҳоҷирати меҳнатӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули худшиносиву зиракии сиёсӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлат ва хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, ва ташвиқи китобхониву китобдӯстӣ сухан ронда шуд.
Чунин вохӯриҳо дар дигар муассисаҳои таълимӣ пайваста идома доранд.
Возможно, это изображение 6 человек, кларнет и скрипкаВозможно, это изображение 4 человека и помостВозможно, это изображение 6 человекВозможно, это изображение 1 человек, помост и текстВозможно, это изображение 5 человекВозможно, это изображение 6 человек и люди учатсяВозможно, это изображение 7 человек
Возврат к списку новостей