Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4313615
Сегодня
11
На этой неделе
753
В этом месяце
3221
Итого
4313615
Диққат ОЗМУН барои ишғоли чои корӣ ************* Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

06.05.2025

Мулоқот бо сокинони деҳаҳои шаҳри Конибодом бо усули "Деҳа ба Деҳа" идома дорад.

Мулоқот бо сокинони деҳаҳои шаҳри Конибодом бо усули "Деҳа ба Деҳа" идома дорад.
Тибқи нақшаи муштараки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр имрӯз дар деҳаи Гулбоғи ҷамоати деҳоти Фирӯзоба мулоқот бо сокинону фаъолони деҳа вобаста ба масъалаҳои мубрами рӯз аз ҷумла пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ - экстремистӣ террористӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷумҳурии Тоҷикистон, "Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон" моддаи 382 " Риоя накардани қоидаҳои истифодаи қувваи барқ ва гармӣ", даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд ва бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ доир гардид.
Дар мулоқот мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр Маҳмудов Баҳодур, Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Шерматова Фирӯза, мудири бахши хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Конибодом Толибова Фарзона, сармутахассис ҳуқуқшинос оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак Фарида Шокирова, сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр Толибов Искандар иштирок ва суханронӣ намуданд.
Баромадкунандагон зимни суханронӣ оиди мӯҳтавои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак", " Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон"ва "Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон" моддаи 382 " Риоя накардани қоидаҳои истифодаи қувваи барқ ва гармӣ" ҳарф зада, таъкид карданд, ки масъалаҳои пешгирии омилҳои номатлуби терроризму ифротгароӣ, тарғибу ташвиқи фарҳанги миллӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули худшиносиву зиракии сиёсӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлат ва хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, сухан ронда шуд.Чунин чорабиниҳои иттилоотӣ дар дигар ҷамоату деҳоти шаҳр баргузор карда мешавад.
Возможно, это изображение 3 человека, люди учатся и столВозможно, это изображение 6 человек и люди учатсяВозможно, это изображение 12 человекВозможно, это изображение 10 человекВозможно, это изображение 10 человек и люди учатсяВозможно, это изображение 10 человек
 
Возврат к списку новостей