Посетители
4313610
Сегодня
6
На этой неделе
748
В этом месяце
3216
Итого
4313610
06.05.2025
Санги асос барои бунёди ошхонаи нав дар МТМУ №16 ба номи Неъмат Қаробоев гузошта шуд
Субҳи имрӯз бо иштироки Раиси шаҳри Конибодом Даврон Зоҳидзода дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 16 ба номи Неъмат Қаробоев барои бунёди ошхонаи нав санги асос гузошта шуд. Тадбири мазкур дар доираи корҳои созандагиву бунёдкорӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби кумитаи падару модарони муассиса ба нақша гирифта шуда, тариқи ҳашар сохта мешавад. Тавре ба шаҳрдор иттилооъ доданд, ошхонаи муассисаи таълимӣ, ки айни замон фаъолият дорад, солҳо инҷониб дар ҳолати садамавӣ қарор дорад. Бунёди ошхонаи нав имкон медиҳад, ки хонандагон дар ҳама фасли сол аз бинои таълимӣ берун набаромада, аз хизматрасонии ошхона баҳрабардорӣ созанд. Дар ин кори хайр инчунин, сокини 74-солаи деҳа Файзуллоҷон Солиев маблағҳои солҳо бо нияти Ҳаҷ ҷамъовардашро барои корҳои сохтмонӣ бахшид.
Ин иқдом нишонаи ҳамбастагӣ ва эҳсоси масъулияти ҷомеа нисбат ба таълиму тарбияи насли ҷавон ва татбиқи ҳидоятҳои созандагии Пешвои муаззами миллат буда, бунёди ошхона ба беҳбудии шароити рӯзгор ва таҳсили хонандагон хизмат хоҳад кард.
Дар фарҷом Раиси шаҳр Даврон Зоҳидзода барои ташаббус ва иқдоми хайрхоҳонаи сокинони маҳал ва саховатманд изҳори миннатдорӣ намуда, барои саривақт ва бо сифати хуб анҷом додани корҳои сохтмонӣ дастур дод.

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?