Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4313610
Сегодня
6
На этой неделе
748
В этом месяце
3216
Итого
4313610
Диққат ОЗМУН барои ишғоли чои корӣ ************* Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

05.05.2025

Сафари кории Консули генералии Россия ба шаҳри Конибодом дар арафаи таҷлили 80-солагии Иди Ғалаба

Сафари кории Консули генералии Россия ба шаҳри Конибодом дар арафаи таҷлили 80-солагии Иди Ғалаба
Имрӯзҳо дар шаҳри Конибодом ба муносибати таҷлили сазовори 80-солагии Иди Ғалаба силсилаи чорабиниву тадбирҳои мухталиф бо маром идома дошта, дар остонаи ин ҷашн ва ба хотири гиромидошти хотираи ҷанговарони ҷонфидои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, Консули генералии Федератсияи Россия дар вилояти Суғд Сергей Васильевич Ланкин бо сафари корӣ ба шаҳри Конибодом ташриф овард.
Зимни сафари худ, Консули генералӣ бо Раиси шаҳри Конибодом Даврон Зоҳидзода мулоқот анҷом дода, дар маросими гулчанбаргузорӣ дар назди сарбози шаҳидгашта ширкат варзид. Маросим бо эҳтироми вижа ба корнамоии фидоиён ва пос доштани хотираи шаҳидон баргузор гардид. Раиси шаҳр зимни изҳори сипос ва миннатдорӣ аз равобити нек ва ҳасанаи шарики муҳими стратегии кишвар-Федератсияи Руссия ёдовар гардида, ташрифи Консули генералиро ба шаҳр идомаи татбиқи ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Руссия ва омили муҳим дар таҳкими дӯстӣ ва густариши робитаҳои судманд миёни кишварҳои дӯсти тоҷику рус арзёбӣ дошт.
Сафари мазкур ба арҷгузорӣ ба қаҳрамонии гузаштагон ва таҳкими муносибатҳои дӯстонаи ду кишвар равона шудааст.
Дар идомаи сафари корӣ консули генералии Федератсияи Россия дар вилояти Суғд Ланкин Сергей Васильевич, намояндагии ҳамкорӣ бо Федератсияи Россия Мудрова Татьяна Геннадьевна якҷо бо Раиси шаҳр Даврон Зоҳидзода дар расми ифтитоҳи осорхонаи ҷамъиятии шаҳрии нав бахшида ба 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, воқеъ дар бинои Коллеҷи технологии ба номи А. Қаҳҳорови шаҳри Конибодом иштирок намуданд.
Ифтитоҳи осорхона бо мақсади гиромидошти ҷонфидоиҳои халқи Шуравӣ, махсусан, фарзандони шуҷои Тоҷикистон дар солҳои мудҳиши ҷанг, инчунин, тарбияи ватандӯстии насли наврас нигаронида шудааст.
Осорхона дорои гӯшаҳои махсуси таърихӣ буда, дар он аксҳо, ҳуҷҷатҳои аслӣ, ашёҳои шахсӣ ва ёдгориҳои сарбозон, инчунин маълумот дар бораи иштирокчиёни ҶБВ аз шаҳри Конибодом ба намоиш гузошта шудаанд. Ҳадафи осорхона эҳёи хотираи таърихӣ ва шинос кардани наслҳои ҷавон бо саҳми фарзандони Ватан дар таъмини сулҳу субот мебошад.
Ифтитоҳи чунин осорхона дар муассисаи таълимӣ на танҳо як иқдоми фарҳангӣ, балки як тадбири муҳими тарбиявӣ маҳсуб меёбад, ки ба таҳкими ҳисси ифтихор ва масъулияти шаҳрвандии ҷавонон мусоидат мекунад.
Қисмати фарҳангии чорабинӣ бо иштироки ҳунармандони Театри давлатии шаҳри Конибодом баргузор гардида, саҳнаҳои театрӣ ва порчаҳои шеърӣ аз рӯзгори ҷанг ва қаҳрамониҳои мардуми тоҷик ба ҳозирин манзур гардонида шуданд. Баромади ҳунармандони шуъбаи фарҳанги шаҳр рӯҳи ватандӯстӣ ва ҳисси ифтихорро дар дилҳои иштирокчиён боз ҳам қавитар намуд.
Муаллиф: Н. Умаров
Акс: Ф. Муқимов
Возможно, это изображение 3 человека и памятникВозможно, это изображение 7 человек и свадьбаВозможно, это изображение текстВозможно, это изображение 1 человек, внутри помещения и текстВозможно, это изображение 1 человек и текстВозможно, это иллюстрация (3 человека, памятник и текст)Возможно, это изображение 3 человека и текстВозможно, это изображение 3 человека и текстВозможно, это изображение текстВозможно, это изображение 2 человека и текстВозможно, это изображение 4 человека и текстВозможно, это изображение 4 человека и текстВозможно, это изображение 4 человека, помост и текстВозможно, это изображение 6 человек и текстВозможно, это изображение 9 человек, люди танцуют и текст «เม h h g 4 Η HИR иo ИAи raлa6a y6opR»Возможно, это изображение 6 человекВозможно, это изображение 7 человек и текст «ВЕННАЯ 4 1 4 9 май Иди Галаба борс»Возможно, это изображение 4 человека и текстВозможно, это изображение ‎1 человек и ‎текст «‎ТВЕННАЯ зЕННАЯ H ב AHA 0 ВоЙ 5 я B ο 4 H 9 май I H му‎»‎‎Возможно, это изображение 13 человек и помостВозможно, это изображение 8 человек и текстВозможно, это изображение 2 человека и текстВозможно, это изображение 3 человекаВозможно, это изображение 2 человекаВозможно, это изображение 5 человек и текст
Возврат к списку новостей