Посетители
4313610
Сегодня
6
На этой неделе
748
В этом месяце
3216
Итого
4313610
03.05.2025
Ҷаласаи муштарак оид ба пешгирии зуҳуроти номатлуб дар шаҳри Конибодом
Имрӯз дар шаҳри Конибодом ҷаласа таҳти раёсати Раиси шаҳр Даврон Зоҳидзода бо иштироки роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои деҳот, соҳаҳои маорифу тандурустӣ, шуъбаҳои кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиш, директорони муассисаҳои таълимӣ, равоншиносон, имомхатибон ва раисони кумитаҳои маҳаллаҳо баргузор гардид.
Дар маҷлис Прокурори шаҳр, мушовири адлияи дараҷаи сеюм Орифзода Парвиз Рустам, Раиси Суди шаҳр Ҷабборзода Фурқат Саттор ва сардори шӯъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Конибодом, полковник Абдуллозода Асомиддин иштирок ва суханронӣ намуданд.
Мавзӯи асосии мулоқот баррасӣ ва пешгирии зуҳуроти номатлуб, аз қабили паҳншавии терроризму экстремизм, хурофотпарастию ифротгароӣ, пешгирии таълимоти ғайрирасмии динӣ, ҷинояткорӣ миёни наврасону ноболиғон ва таблиғи фарҳанги бегона буд. Таъкид гардид, ки ин зуҳурот дар натиҷаи паст будани маърифати ҳуқуқӣ ва ҷаҳонбинии шаҳрвандон, хусусан ҷавонон, ба миён омада, ба амнияти давлату миллат таҳдид мекунад.
Раиси шаҳр Даврон Зоҳидзода зимни суханронии худ зарурати ҳамкории зичро байни тамоми сохторҳо ва ҷомеа ҷиҳати пешгирии ин зуҳурот таъкид намуд. Масъулин қайд карданд, ки дар ҳудуди шаҳр ва ҷамоатҳои деҳот дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати пешгирии ҳодисаҳои номатлуб корҳои муайян анҷом дода мешаванд, аммо ин тадбирҳо ҳанӯз кофӣ нестанд. Аз ин рӯ, зарурати ҳамкории зич бо ҷомеа, фаъолон, зиёиён ва аҳли дин барои ҳалли ин мушкилот таъкид шуд.
Дар маҷлис дастур дода шуд, ки ба масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, ҷаҳонбинии ахлоқиву фарҳангӣ ва динии ҷавонон, зиракӣ ва ҳушёрии сиёсии онҳо таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда шуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни онҳо тақвият бахшанд. Ҳамчунин, корбарӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ, ки бештар дар хориҷи кишвар зери таъсири гумроҳкунанда қарор мегиранд, мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифт.
Масъулони соҳаҳои маориф, кор бо занон ва оила, ҷавонон, аҳли зиё ва намояндагони дин вазифадор гардиданд, ки корҳои тарғиботию ташвиқотиро ҷиҳати пешгирии ҳар гуна ҳодисаҳои номатлуб дар ҷомеа пурзӯр намоянд.
Ҳамзамон, Раиси шаҳр Даврон Зоҳидзода оид ба масъалаҳои даъвати ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 25 апрели соли 2025, барқияи ҳукуматӣ аз 28 апрели соли 2025 таҳти №24/2-37, қарори Раиси вилояти Суғд аз 29 апрели соли 2025 таҳти №118 суханронӣ намуд. Вобаста ба ворид гардидани тағйирот дар қонунгузории кишвар барои истифодаи ғайриқонунӣ, талаф ва дуздии неруи барқ аз ҳисоби муовинони Раис, раисони ҷамоатҳои деҳот ва фаъолон гуруҳҳои корӣ бо мақсади бурдани корҳои фаҳмонидадиҳӣ байни аҳолӣ бо усули "Хона ба хона" таъсис дода шуда, ба роҳбарони корхонаву ташкилотҳо ва ҳар як оила супориш дода шуд, ки ҷиҳати пардохти саривақтии истифодаи неруи барқ чораҳои мушаххас андешанд ва корҳои фаҳмондадиҳиро оид ба таъмини иҷрои талаботи моддаи 2531 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 382 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монанд.
Дар фарҷом Раиси шаҳр Даврон Зоҳидзода изҳори боварӣ кард, ки натиҷаи мулоқоти имрӯза дар ҳамаи ҷамоатҳои деҳот, ташкилоту муассисаҳо ва таълимгоҳҳо баррасӣ ва муҳокимаронӣ хоҳад шуд.
Муаллиф: Н. Умаров
Акс: Ф. Муқимов












Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан
Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост
Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?