Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4313609
Сегодня
5
На этой неделе
747
В этом месяце
3215
Итого
4313609
Диққат ОЗМУН барои ишғоли чои корӣ ************* Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

02.05.2025

Ифтитоҳи хатти нави истеҳсолии ҶСШК “Ассор” дар Конибодом

Ифтитоҳи хатти нави истеҳсолии ҶСШК “Ассор” дар Конибодом
Дар шаҳри Конибодом бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода хатти нави истеҳсолии Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи “Ассор” ба истифода дода шуд.
Зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ки ҷамъияти мазкур фаъолияти бисёрсамтаро ба роҳ монда, нақши муассир дар рушди саноати минтақа дорад. Бо мақсади татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати кишвар дар назди ҷамъият коргоҳи коркарди аввалияи пахта таъсис ёфтааст.
Дастгоҳу таҷҳизоти корхона, ки иқтидори коркарди то 10 ҳазор тонна пахтаро дар як сол доранд, аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид гардида, пурра васлу насб ва барои фаъолият дар соли 2025 омода шудаанд. Технологияи муосир имкон медиҳад, ки аз пахтаи воридшуда то 38 фоиз нахи пахта ва то 55 фоиз чигит истеҳсол гардад. Корхона бо хоҷагиҳои хурду бузург шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида, кишоварзонро дар марҳилаҳои кишт ва парвариш дастгирӣ менамояд.
ҶСШК “Ассор” инчунин коркарди чигитро ба роҳ монда, равғани растанӣ ва намудҳои гуногуни хӯроки чорво истеҳсол менамояд. Коргоҳи равғанбарорӣ дорои иқтидори коркарди то 8 ҳазор тонна чигит дар як сол мебошад ва равғани истеҳсолгардида дар бозорҳои шаҳри Конибодом ва минтақаҳои дигар ба фурӯш бароварда мешавад.
Илова бар ин, соҳибкор тасмим гирифтааст дар марҳилаи навбатӣ истеҳсоли собунро низ ба роҳ монад.
Бо ба фаъолият шуруъ намудани коргоҳи мазкур наздик ба 50 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ таъмин гардиданд, ки ин ба беҳбудии сатҳи зиндагии онҳо мусоидат менамояд.
Возможно, это изображение 4 человека и текстВозможно, это изображение текстВозможно, это изображение водонагреватель и нефтеперерабатывающий заводВозможно, это изображение 8 человек и текстВозможно, это изображение 14 человек и литейный заводВозможно, это изображение 12 человек и текстВозможно, это изображение 2 человека, сверлильный станок, литейный завод и текстВозможно, это изображение 1 человек и силосная яма
Возврат к списку новостей