Посетители
4313609
Сегодня
5
На этой неделе
747
В этом месяце
3215
Итого
4313609
02.05.2025
Мулоқот дар Патар: Пешгирии коррупсия ва таҳдидҳои иҷтимоӣ
Дар ҷамоати деҳоти Патар вобаста ба пешгирии коррупсия ва дигар падидаҳои номатлуби иҷтимой бо иштироки сокинони маҳаллаҳо, омӯзгорону фаъолон мулоқот доир гардид.
Дар мулоқот сарнозири шуъбаи муқовимат бо коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, подполковники адлия Каримӣ Ҳ.Ҳ., Сардори шӯъбаи муқовимат бо коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Маҳмудзода О. иштирок ва суханронӣ намуданд.
Баромадкунандагон зимни суханронӣ оид ба иҷроиши Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак", " Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон"ва "Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон" моддаи 382 " Риоя накардани қоидаҳои истифодаи қувваи барқ ва гармӣ" ҳарф зада, таъкид карданд, ки муқовимат бо коррупсия кори дастаҷамъона буда бояд ҳар як сокини кишвар дар коҳиш додани сатҳи коррупсия саҳмгузор бошад.
Ҳамзамон, дар бораи таҳдиду хатарҳои терроризм, экстремизм ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ ибрози андеша намуда қайд гардид, ки бо роҳи фаъол намудани чорабиниҳо дар ин самти муҳим корҳои ташвиқотию тарғиботӣ ва тадбирҳои доимӣ андешида шавад.

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?