Посетители
4313603
Сегодня
173
На этой неделе
741
В этом месяце
3209
Итого
4313603
02.05.2025
Ҷаласаи кории роҳбари вилоят бо фаъолони шаҳри Конибодом
Ҷаласаи кории роҳбари вилоят бо фаъолони шаҳри Конибодом
Дар бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа масъалаҳои муҳими фаъолияти мақомоти маҳаллӣ, раванди кишти баҳорӣ, вусъати корҳои ободониву созандагӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва зарурати риояи ҳатмии қонунҳои амалкунандаи кишвар мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.
Раиси вилоят зимни баромад вазъи соҳаи кишоварзии шаҳрро мавриди таҳлил қарор дода, зарурати ҷонноксозии корҳо дар самти кишти пунбадонаро таъкид намуд. Тавре зикр гардид, кишти пахта дар муҳлатҳои оптималӣ заминаи устувор барои гирифтани ҳосили дилхоҳ аст. Аз ин рӯ, масъулини соҳа муваззаф гардиданд, ки корҳои саҳроиро бо суръати дучанд ба роҳ монанд ва барои иҷрои пурраи нақша тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Зикр шуд, ки бо дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти олии кишвар барои хоҷагидорон шароити мусоид муҳайё гардида, дар навбати худ кишоварзон бояд бо ҳисси баланди масъулият иҷрои босифати кишт ва таъмини амнияти озуқавории мамлакатро таъмин намоянд.
Дар ҷаласа, ҳамзамон, ба мавзӯи вусъати корҳои ободониву созандагӣ ва риояи талаботи қонунгузории кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Аз ҷумла, ҷиҳати иҷрои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи энергетика" ва пешгирии истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ, истифодаи самараноку сарфакоронаи он ва таъмини тарбияи ватандӯстонаи ҷавонон ба масъулин супоришҳои мушаххас дода шуд.
Таъкид гардид, ки бо талошу заҳматҳои пайгиронаи роҳбарияти давлату Ҳукумат лоиҳаҳои муҳим дар бахши таъмини аҳолӣ бо нерӯи барқ амалӣ гардида, дар маҳалҳо бояд корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати сарфакорона ва босамар истифода бурдани нерӯи барқ вусъат дода шаванд.
Ҷаласа бо таҳияи нақшаи чорабиниҳо ва вазифагузорӣ барои фаъолияти минбаъдаи мақомоти маҳаллӣ ҷамъбаст гардид.

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?