Посетители
4313603
Сегодня
173
На этой неделе
741
В этом месяце
3209
Итого
4313603
02.05.2025
Шиносоӣ бо фаъолияти пойгоҳҳои обкашӣ ва нашъунамои пахта дар Конибодом
Бо иқдомҳои роҳандозишуда дар самти беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо дар шаҳри Конибодом имконият фароҳам омадааст, ки вазъи обёрии заминҳо беҳтар гардад.
Зимни сафари корӣ ба шаҳру деҳоти Конибодом Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода нахуст бо вазъи кунунии пойгоҳи "Маҳрам-1" шинос гардида, бо масъулини соҳаи мелиоратсия суҳбат анҷом дод. Гуфта шуд, ки дар заминаи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир як қатор лоиҳаҳои муҳим дар самти таъмини деҳқонон бо оби полезӣ амалӣ гардидаанд.
Пойгоҳи обкашии "Маҳрам-1" дорои 8 агрегат буда, тавассути он об ба баландии 69 метр ва масофаи 2000 метр бардошта мешавад. Айни замон се агрегати он фаъол буда, мутобиқ ба дархости хоҷагидорон об расонида мешавад. Бо истифода аз ин пойгоҳ заминҳои ҷамоатҳои Лоҳутӣ ва Куҳандиёр бо оби полезӣ таъмин мегарданд.
Раиси вилоят дастур дод, ки дар мавсими кишти баҳорӣ тамоми деҳқонон бояд ба об дастрасӣ дошта бошанд. Таъкид шуд, ки ҳар ваҷаб замин бояд самаранок истифода гардида, бо истифода аз имкониятҳо кишти зироатҳо, аз ҷумла дар байни қатори боғҳо, васеъ ба роҳ монда шавад. Ҳамзамон мақомоти маҳаллӣ, ҷамоатҳо ва раисони деҳот вазифадоранд, ки доимо маслиҳатгару дастгири деҳқонон бошанд.
Дар доираи сафари корӣ роҳбари вилоят ҳамчунин аз пойгоҳи обкашии “Истиқлол” боздид намуд. Бино ба иттилои пешниҳодгардида пойгоҳи мазкур, ки моҳи сентябри соли 2024 бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд, фаъолияти босамар дорад. Тавассути ин пойгоҳ об аз шохоби дарёи Сир ба заминҳои деҳаҳои Сомониён, Кӯчкак, Файзбор, Бекобод ва Хамирҷӯй интиқол ёфта, деҳқононро пурра бо оби полезӣ таъмин менамояд.
Пойгоҳи “Истиқлол” дорои ду хати обкашӣ буда, обро аз масофаи 9200 метр аз Баҳри тоҷик ба заминҳои кишоварзӣ интиқол медиҳад. Ҳоло ҳарду хат фаъоланд ва об тавассути канали калон ба хоҷагиҳо мерасад. Дар маҷмӯъ, шаҳр рӯзона то 15 метри мукааб обро барои эҳтиёҷоти деҳқонон дастрас мекунад.
Сипас, дар хоҷагии деҳқонии “Зарбдор” Раиси вилоят бо ҷараёни нашъунамои пахта аз наздик шинос шуда, бо кишоварзону масъулин мулоқот анҷом дод. Хоҷагӣ дорои 72 гектар замини корам буда, 37 гектараш барои кишти пахта ҷудо гардидааст. Ба гуфтаи мутахассисон, нашъунамои пахта хуб буда, гузаронидани саривақтии корҳои агротехникӣ ва коркарди байниқаторӣ замина хубро барои нашъунамо фароҳам овардааст.
Соли равон тибқи нақша дар майдони 7878 гектар кишти баҳорӣ ба роҳ монда мешавад, ки дар 5690 гектари он пахта кишт мешавад. То 1-уми май аллакай дар беш аз 4600 гектар замин кишти пахта гузаронида шудааст. Тавре зикр гардид, бо дастгирии доимии Пешвои миллат соҳаи кишоварзӣ дар шаҳри Конибодом пайваста рушд мекунад ва саҳми хоҷагидорон дар таъмини амнияти озуқаворӣ хеле назаррас мебошад.
Раиси вилоят зимни таҳлили вазъи кишти баҳорӣ роҳбарияти шаҳрро муваззаф намуд, ки барои иҷрои саривақтӣ ва босифати кишт тадбирҳои иловагӣ андешида, ситоди назоратӣ таъсис диҳанд. Таъкид шуд, ки мутахассисон ва олимони соҳа бо маслиҳатҳои амалӣ деҳқононро дастгирӣ намоянд ва ҷараёни кишт зери назорати доимӣ қарор гирад.















Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан
Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост
Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?