Посетители
4313603
Сегодня
173
На этой неделе
741
В этом месяце
3209
Итого
4313603
02.05.2025
Боғи фарҳангию фароғатии “Истиқлол” -и Конибодом бо аттраксионҳои нав таъмин гардид
Боғи фарҳангию фароғатии “Истиқлол” -и Конибодом бо аттраксионҳои нав таъмин гардид
Дар Боғи фарҳангию фароғатии “Истиқлол” -и шаҳри Конибодом аттраксионҳои нав ба истифода дода шуд.
Зимни баистифодадиҳии аттраксионҳои нав ва мулоқот бо собиқадорони меҳнат Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зикр намуд, ки бо дастгириҳои пайваста ва иқдомҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои ободониву созандагӣ дар саросари вилоят, аз ҷумла шаҳри Конибодом рӯз то рӯз вусъат меёбанд. Ҳадафи асосии ин тадбирҳо фароҳам овардани шароити шоиста барои сокинон ва таъмини рушди шаҳру деҳот мебошад.
Таҷдид ва навсозии боғи марказии шаҳр, ки имрӯз ба макони дилписанду фароғатии кӯдакон ва калонсолон мубаддал гардидааст, аз ҷумлаи чунин иқдомҳои созанда мебошад. Боғи мазкур масоҳати 1,7 гектарро дар бар гирифта, бо шароити муосир барои истироҳат, фароғат ва баргузории чорабиниҳои оммавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Дар ҳудуди боғ зиёда аз 20 аттраксиони муосир насб шуда, ҳамчунин нуқтаҳои фурӯши хуришҳо, гӯшаҳои бозиву истироҳат ва саҳнаи баргузории барномаҳои фарҳангӣ фаъолият доранд. Ифтитоҳи марҳилаи дуюми аттраксионҳои ҶДММ “Чашмаи Канд” имконияти боғро боз ҳам васеъ намуда, онро ба маркази фароғати кӯдакон ва наврасон табдил додааст.
Боғи мазкур на танҳо ҷойи дӯстдоштаи истироҳати сокинон гардидааст, балки симои шаҳрро низ зебо ва ҷолибтар намудааст. Шаҳрвандон ҳар рӯз ва шомгоҳон бо фарзандон ва пайвандонашон ба ин боғ омада, аз фазои орому дилангези он баҳра мебаранд.

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?