Посетители
4313603
Сегодня
173
На этой неделе
741
В этом месяце
3209
Итого
4313603
02.05.2025
Ифтитоҳи ду майдончаи варзишӣ дар шаҳри Конибодом
Ифтитоҳи ду майдончаи варзишӣ дар шаҳри Конибодом
1 майи соли 2025 бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ду деҳаи шаҳри Конибодом ду майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд.
Дар доираи сафари кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳру деҳоти Конибодом ду майдончаи варзишии муосир дар ҷамоатҳои Фирӯзоба ва Патар ба истифода дода шуд.
Майдончаи аввал дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №37, воқеъ дар деҳаи Ҳисораки ҷамоати Фирӯзоба, бо заҳмати аҳли деҳа ва дар руҳияи ҳамбастагӣ бунёд ёфтааст. Зимни ифтитоҳи он Раиси вилоят бо омӯзгорону хонандагон мулоқот анҷом дода, таъкид намуд, ки дар асоси сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бунёди иншооти иҷтимоӣ, аз ҷумла муассисаҳои соҳаи маориф, дар вилоят бо суръати баланд идома дорад. Танҳо дар чанд соли охир садҳо синфхона ва иншооти ёрирасон сохта шудааст.
Дар идомаи боздид, роҳбари вилоят бо инфрасохтори муассиса шинос шуда, ҷиҳати беҳтарсозии шароити таҳсил ба масъулини соҳа дастур дод, ки лоиҳаи бинои нави таълимиро таҳия намоянд. Тибқи нақша, сохтмони он бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят оғоз хоҳад ёфт. Ин иқдом аз ҷониби сокинон бо хушнудӣ истиқбол гардид.
Ҳамзамон, дар Ҷамоати деҳоти Патар низ майдончаи варзишӣ дар ҳудуди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Масоҳати умумии иншоот 2706 метри мураббаъро ташкил дода, майдонча бо андозаи 62×32 метр сохта шудааст. Арзиши умумии лоиҳа 600 ҳазор сомониро ташкил дода, корҳои сохтмонӣ бо саҳмгузории сокинон тавассути ҳашар анҷом ёфтааст. Ин майдонча барои бозии футбол, баскетбол, волейбол ва обутоби бадан пешбинӣ шудааст.
Раиси вилоят бунёди чунин иншоотро натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ва меҳру талоши ҳамҷояи мардуму мақомот арзёбӣ намуда, саҳми сокинонро дар ин раванд қобили таҳсин номид. Зикр гардид, ки дар назди муассисаи мазкур низ сохтмони бинои иловагӣ ҷараён дошта, мақомоти иҷроия дар таҳкими заминаи моддию техникии муассисаи таълимӣ саҳм мегузоранд.
Айни ҳол дар ҳудуди шаҳри Конибодом 268 иншооти варзишӣ фаъолият доранд, ки 40 адади он майдончаҳои варзишӣ ва 67 ададаш толорҳои машқу тамринро дар бар мегиранд.
Дар идомаи сафари корӣ роҳбари вилят ҳамзамон ҳолати кунунии варзишгоҳи марказии шаҳри Конибодомро мавриди назар қарор дод. Варзишгоҳи мазкур барои гузаронидани чорабиниҳои сатҳи баланди варзишӣ пешбинӣ гардида, дорои 10 ҳазор ҷои нишаст, толорҳои машқу тамрин ва дигар иншооти ёрирасон мебошад. Бо мақсади дар сатҳи баланд омода намудани варзишгоҳ барои бозии футбол таъмири куллии он ба нақша гирифта шудааст.

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?