Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4313603
Сегодня
173
На этой неделе
741
В этом месяце
3209
Итого
4313603
Диққат ОЗМУН барои ишғоли чои корӣ ************* Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

01.05.2025

ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФИ БУЗУРГ АСТ!

30 апрел дар ҷамоати деҳоти Патари шаҳри Конибодом маросими тантанавии пешвози сарбозони шуҷоъ Ҳасан Ҳасанов ва Ҳусейн Ҳасанов, ки хизмати ҳарбиро бо сарбаландӣ ба анҷом расонидаанд, баргузор гардид.
Маросими истиқбол бо иштироки васеи сокинон, фаъолон, ҷавонон ва намояндагони мақомоти маҳаллӣ баргузор шуда, бо садои карнаю сурнай ва дуои пурмуҳаббати модарон сурат гирифт. Ҳасан Ҳасанов ва Ҳусейн Ҳасанов, ки соли 2023 бо хоҳиши худ ба хизмати ҳарбӣ сафарбар гардида буданд, имрӯз бо эҳсоси масъулиятшиносӣ ва ифтихори ватандорӣ ба оғӯши оила ва ҷомеа баргаштанд.
Муовини раиси шаҳри Конибодом Гулчеҳра Раҳмонзода зимни суханронӣ таъкид кард: «Хизмат ба Ватан-Mодар қарзи муқаддас ва мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди кишвар буда, тарбияи чунин фарзандони шуҷоъ ва ватандӯст далели устувории арзишҳои миллӣ дар ҷомеа мебошад».
Ҳамзамон, котиби Шӯрои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Замира Ашӯрматзода зимни баромади худ саҳми волидайнро дар тарбияи фарзандони содиқ ба Ватан арзишманд арзёбӣ намуда, изҳор дошт: «Мо ба ҳар як оилаи тоҷик, ки чунин фарзандони далеру ватанпарварро ба камол мерасонанд, арҷ мегузорем».
Маросими пешвоз ҳамчун рамзи эҳтиром ба хизмати содиқонаи ҳарбӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои ватандӯстӣ ташкил гардида, бо иштироки фаъоли ҷавонони маҳаллӣ доир шуд. Онҳо таъкид намуданд, ки омодаанд идомадиҳандаи роҳи фарзандони шуҷоъ бошанд.
Бино ба иттилои масъулин, баргузории чунин иқдомҳои тарбиявӣ ба баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, таҳкими руҳияи ватандӯстӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии насли наврас мусоидат менамояд.
Муаллиф: Н.Умаров
Акс: Ф. Муқимов
Возможно, это изображение 7 человек и текстВозможно, это изображение 9 человекВозможно, это изображение 5 человекВозможно, это изображение 8 человек и текстВозможно, это изображение 4 человека и текстВозможно, это изображение 5 человекВозможно, это изображение 4 человека, помост и текстВозможно, это изображение 8 человек и текстВозможно, это изображение 5 человек и текстВозможно, это изображение 3 человекаВозможно, это изображение 4 человека и текстВозможно, это изображение 5 человек и свадьбаВозможно, это изображение 6 человекВозможно, это изображение 7 человекВозможно, это изображение 6 человек, труба, скрипка, гобой, кларнет и флейта
Возврат к списку новостей