Посетители
4313603
Сегодня
173
На этой неделе
741
В этом месяце
3209
Итого
4313603
30.04.2025
КОНИБОДОМ: ВОХӮРИИ СУДМАНД БО УСУЛИ "МАКТАБ БА МАКТАБ"
Имрӯзҳо гуруҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои дахлдор бо усули "Мактаб ба мактаб" бо хонандагон, омӯзгорон ва падару модарон вохӯриҳо гузаронида истодаанд.
Вобаста ба ин, санаи 29 апрели соли 2025 бо иштироки муовини раиси шаҳр Гулчеҳра Раҳмонзода ва дигар шахсони масъули самти рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №51 мулоқот бо ҷамъи васеи падару модарону хонандагон ва омӯзгорон доир гардид.
Зимни вохӯрӣ оид ба татбиқ намудани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ва саҳмгузорӣ дар ободонию созандагии диёр баррасӣ шуданд. Ҳамзамон, дар доираи корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» ва масъалаҳои пешгирии омилҳои номатлуби ифротгароӣ, терроризму экстеремизм, тақлиди фарҳанги бегона, худкушӣ, инчунин, муҳоҷирати меҳнатӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули худшиносиву зиракии сиёсӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлат ва хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, ва ташвиқи китобхониву китобдӯстӣ сухан ронда шуд.
Чунин вохӯриҳо дар дигар муассисаҳои таълимӣ пайваста идома доранд.

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?