Посетители
4297132
Сегодня
20
На этой неделе
347
В этом месяце
5923
Итого
4297132
02.04.2025
Гусели аввалин гурӯҳи ҷавонписарони ихтиёри ба Сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Гусели аввалин гурӯҳи ҷавонписарони ихтиёри ба Сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз ба муносибати гусели гурӯҳи аввалини ихтиёриёну наваскарон дар майдони Исмоили Сомонӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. То оғози чорабинӣ гурӯҳи калони ҷавонони фаъол, варзишгарон, гирандагони идрори Президентӣ, хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва ҷавонони пешсаф дар даст Парчам ва шиорҳои ватандӯстона ба ҷашнгоҳ ҳозир шуданд.
Нахуст иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Конибодом Даврон Зоҳидзода суханронӣ намуда, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳро мактаби ҷавонмардиву шуҷоат ва қарзи фарзандии ҳар як ҷавони баору номус маънидод кард ва ба хизмати наваскарон барору комёбӣ орзу намуд. Номбурда роҷеъ ба ташкил ва ташаккули Қувваҳои мусаллаҳи кишвар таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳарф зада, аз шароитҳои мусоиду муосири Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат ёдовар гардид.
Ҳамчунин раиси шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр Наимҷон Ғаниев, бобои даъватшаванда Юнусов Ҳусейнбой ва наваскар Исмоилов Икромҷон баромад карда, хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳро ғуруру ифтихор барои ҳар яки даъватшавандагон арзёбӣ намуданд.
Баромадкунандагон зимни суханронӣ қайд карданд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ қарзи ҳар як ҷавонписар дониста аз муқаддас будани Ватан- Модар ва ҳатмӣ будани хизмати ҳарбӣ ёдовар шуда, ба наваскарон бурдбориву сарбаландӣ ва музаффариятҳои беназирро таманно намуданд.
Дар охир барномаи рангини аҳли фарҳангу ҳунари шаҳр бо таронаҳои ватандӯстӣ ва оҳангҳои дилнишин таъби ҳозиринро болида намуд.

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?