Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4448167
Сегодня
103
На этой неделе
582
В этом месяце
9687
Итого
4448167
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат ОЗМУН барои ишғоли чои корӣ

06.03.2015

Таваллудхона таҷдид шуд

Ба шӯъбаи таваллудкунонии Беморхонаи Марказии Шаҳр бо маблағгузории сафоратхонаи давлати Ҷопон дар Тоҷикистон таҷҳизоти замонавии тиббӣ, ваакум-экстратор, 3 адад инкубатор барои навзодони норасидтаваллудшуда, 30-адад катҳои хоб харидорӣ гардид. Инчунин шӯъбаи мазкур аз таъмири хушсифат бароварда шуд. Дар таъмиру таҷдиди шӯъба сохтмончиёни ДСМ 42 кор кардаанд.

Бо маысади шиносоӣ аз вазъи таъмир ва фаъолияти шӯъбаи таваллудкунонии шаҳр и.в.Раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ ба БМШ ташриф оварда, бо табибон бобати кору фаъолият, шароити хизматрасонии тиббӣ сӯҳбат дошт. Ба сохтмончиён бошад, ҷой доштани баъзе камбудиҳоро таъкид намуда, баҳри боз ҳам хубтар иҷро намудани корҳои таъмир маслиҳатҳо дод.

Сипас, дар толори Беморхонаи Марказӣ ҷамъомади идона бо табибон баргузор гардида, и.в.Раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ зимни суханрониҳои хеш тамоми табибонро бо бо иди баҳору зебоӣ – Рӯзи модар муборакбод намуд ва таъмиру таҷҳизонидани шӯъбаи таваллудкунониро ба табибону кормандони он табрик гуфт. Ва иброз дошт, ки саломатии модару кӯдак, ба дунё омадани фарзандони солим аз донишу маҳорати табибон вобастагии калон дорад.

Дар ҷамъомад сардори Раёсати тандурустии вилоят Абдусалом Ваҳҳобов иштирок ва суханронӣ дошт.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Возврат к списку новостей