Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4289067
Сегодня
122
На этой неделе
823
В этом месяце
3880
Итого
4289067
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

10.03.2025

Рӯзи матбуоти тоҷик муборак, аҳли қалам!

Паёми
шодбошии иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Конибодом Зоҳидзода Даврони Абдуқодир
ба муносибати Рӯзи матбуоти точик
Рӯзноманигорон ва ноширони муҳтарам!
Дар ин айёми накӯву хуҷастапай фарорасиии Наврӯзи аҷам мардуми соҳибфарҳанги кишвари азизамон яке аз санаҳои фархунда – Рӯзи матбуотро ботантана ҷашн мегиранд.
Ба ин муносибат ҳамаи шумоён – аҳли қалам ва табъу нашри шаҳрро бо иди касбиатон самимона муборакбод намуда, бароятон бахту саодат, иқболи накӯ ва дар ҷодаи сухангустарӣ барору комёбиҳо таманно менамоям.
Чуноне ки маълум аст, таърихи матбуоти тоҷик аз рӯзҳои таъсисёбии нахустин рӯзномаи тоҷикии «Бухорои шариф» оғоз гардидааст.
Бояд қайд намуд, ки тамоми комёбиҳои матбуоти миллиамон маҳз аз таҷрибаи таърихии рӯзномаи мазкур сарчашма гирифта, он 113 сол аст, ки рисолати хеш – инъикоси саривақтӣ ва воқеъбинонаи рӯйдодҳои ҳаёти ҷомеаро шарафмандона ба иҷро мерасонад.
Дар заминаи ин анъанаи нек соли 1932 – и асри гузашта дар Конибодом низ, матбааи шаҳрӣ ва аввалин рӯзнома арзи ҳастӣ намуда, солҳост, ки матбуотчиёни шаҳр бо дарки масъулияти баланд дар назди ҷомеа баҳри тарғибу ташвиқи ғояҳои инсонпарварона ва ҳадафу арзишҳои волои давлату миллатамон ҳамарӯза заҳмат мекашанд ва дар эъмори ҷомеаи навин саҳми арзанда мегузоранд.
Равшан аст, ки матбуот муҳимтарин воситаи ба вуҷуд овардани афкори омма ба ҳисоб рафта, бахусус, дар шароити имрӯз, ки фазои сиёсиву иҷтимоии ҷаҳон ба бӯҳрони шидид дучор шуда, ҳизбу ҳаракатҳои моҷароҷӯву исёнгар қувват мегиранд, ҳуҷуми иттилоотӣ бештар ва гаравиш ба фарҳанги бегона мушоҳида мешавад, нақши он боз ҳам муҳимтар мегардад.
Мавриди зикр аст, ки дар шаҳр ҳамчунин, моҳномаи маорифчиён - «Анвори маърифат» интишор гардида, дар инъикоси ҳаёти наврасону ҷавонон, устодону омӯзгорон ва рангин намудани ҳаёти фарҳангии шаҳр нақши басо назаррас дорад.
Чуноне ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид зикр намудаанд: “Манфиатҳои миллӣ ва суботу оромии ҷомеа тақозо менамояд, ки воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ натанҳо дастгоҳи тавонои хабарӣ бошанд, балки дар муборизаи иттилоотӣ барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ, алалхусус амнияти давлат ва ҷомеа хизмат кунанд”.
Дар ҷодаи ин рисолати накӯву созанда ба кулли матбуотчиёни шаҳр – рӯзноманигорон, кормандони расонаҳои хабарӣ, ҷомеаи меҳнатии матбааи шаҳр ва алоқамандону муштариёни соҳа барору комёбиҳо орзу намуда, бори дигар ба муносибати иди касбиашон – Рӯзи матбуоти тоҷик самимона муборакбод менамоем.
Иди касбӣ муборак, матбуотчиёни гиромӣ!
Возможно, это изображение 2 человека, отдел новостей, помост и текст
Возврат к списку новостей