Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4289067
Сегодня
122
На этой неделе
823
В этом месяце
3880
Итого
4289067
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

06.03.2025

Бахшида ба Рӯзи Модар чорабинии тантанавӣ баргузор гардид

6 марти соли 2025 дар Қасри Арбоб бахшида ба Рўзи Модар чорабинии тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуд.
Раиси вилояти Суғд Рачаббой Аҳмадзода зимни суханронии худ тамоми модарону бонувон ва духтарони сарбаланди вилояти Суғдро бо Рӯзи Модар табрик гуфта, саломативу хушрўзгорӣ, хушбахтиву хонаободӣ ва дастоварду муваффақиятҳои шоиста таманно намуд.
Тазаккур дода шуд, ки модар рамзи ҷовидонаи меҳру вафо ва идомабахши насли инсон мебошад ва аввалин шахсест, ки бо муҳаббати пок ва меҳрубонии бекаронаш дар қалби тифли худ хислатҳои неки инсониро парвариш карда, ўро ба шоҳроҳи зиндагӣ раҳнамоӣ месозад.
Модар аввалин омўзгори беминнати инсон буда, ба фарзанд на танҳо сухан гуфтанро меомўзонад, балки беҳтарин амалу рафтор ва адабу хислатҳои ҳамидаро дар зеҳну шуури ў тарбия менамояд.
Бузургии зан-модар, пеш аз ҳама, дар он таҷассум меёбад, ки ў посдори забон ва таъриху фарҳанги миллӣ мебошад. Ин масъулияти бузург модарону бонувони моро водор месозад, ки дар баробари нигоҳубину парасторӣ ва камолоти ҷисмонии фарзандон, онҳоро дар рўҳияи ватандўстиву ватанпарастӣ ва ҳисси баланди миллӣ тарбия намоянд. Зеро нақши модар, махсусан, дар раванди таълиму тарбия, омўхтани забон, таъриху фарҳанг ва умуман, камолоти маънавии фарзанд барҷаста мебошад.
Агар ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, пас ободии ҳар як хонадон аз рўҳияи солиму созанда, сатҳи маънавиёту маърифат ва тандурустии зан - модар вобаста аст.
-Мо ифтихор мекунем, ки модари тоҷик дар тўли тамоми таърих тарбиятгари фарзандони нобиғаву хирадманд, солеҳу поктинат, бофазлу соҳибмаърифат, ватандўсту ватанпарвар ва ҳунарманду созанда будааст ва ин рисолати муқаддаси худро имрўз низ бо иффату шараф идома мебахшад.
Имрўз модари тоҷик баробари иҷрои рисолати аслии хеш, яъне тарбияи насли ояндасоз, инчунин, сиёсатмадору олим, омўзгору табиб, ҳунарманду варзишгар, соҳибкори муваффақу коршинос буда, дар рушди ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, яъне барои ободии кишвар саҳми басо арзишманд дорад.
Дар Паёми навбатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки дар фарҳангу тамаддуни мо – тоҷикон иззату эҳтироми зан – модар ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад,-иброз дошт роҳбари вилоят.
Таъкид гардид, ки дар сатҳи давлатӣ ва ботантанаву шукўҳи хоса ҷашн гирифтани Рўзи Модар нишони эътибору эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати кишвар нисбат ба модарону занон мебошад, зеро нақши занон дар ободии хонадон, тарбия кардану ба воя расонидани фарзандон, ба онҳо омўзонидани забони модарӣ, одобу ахлоқ, парвариши эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳӣ, ҳисси миллӣ ва ифтихори ватандорӣ беназир аст.
Баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон, аз ҷумла дар мақомоти роҳбарикунанда ҳамеша дар мадди назари роҳбарияти вилоят қарор дорад.
Боиси ифтихор аст, ки аз ҳисоби занони вилоят 3 нафар вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 24 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, 178 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо ва 694 нафар вакили халқи ҷамоатҳо интихоб гардиданд. Ҳамзамон, аз ҳисоби занони вилоят 1 нафар муовини Раиси вилоят, 1 нафар роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, 1 нафар раиси шаҳр, 16 нафар муовини раисони шаҳру ноҳияҳо мебошанд, ки онҳо дар татбиқи сиёсати дурандешона ва хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шарафмандона фаъолият мебаранд.
Шоистаи таъкид аст, ки дар вилоят бештар аз 1 миллиону 457 ҳазору 700 нафар занону духтарон умр ба сар мебаранд ва аз онҳо 22889 нафар дар вазифаҳои роҳбарикунанда ва 1267 нафар дар мақомоти давлатӣ фаъолият мебаранд.
Дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят 21 нафар доктори илм ва 390 нафар номзади илм аз ҳисоби бонувон фаъолият дошта, аз 50 ҳазору 500 нафар зане, ки дар соҳаи маориф кор мекунад, 3204 нафараш роҳбар мебошад.
Дар соҳаи тандурустии вилоят 29 ҳазору 177 нафар фаъолият мебаранд, ки аз онҳо 21 ҳазору 488 нафар зан ва аз 581 нафар роҳбари муассисаи тиббӣ 150 нафар зан мебошад, ки 26,3 фоизро аз ҳисоби шахсони роҳбар ташкил медиҳад.
Ин нуктаҳо баёнгари онанд, ки модарони тоҷик баробари иҷрои рисолати аслии хеш, яъне тарбияи насли ояндасоз, инчунин, сиёсатмадору олим, омўзгору табиб, ҳунарманду варзишгар, соҳибкори муваффақу коршинос буда, дар рушди ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, яъне барои ободии кишвар саҳми басо арзишманд доранд.
Замири модарон аз меҳру муҳаббат ва садоқату меҳрубонӣ сиришта шудааст, ки ин хислатҳои наҷиб модарро мавҷуди бузургу муқаддаси тамоми давру замонҳо гардонидаанд.
Сипас, аз ҷониби аҳли фарҳанг барномаи рангини консертӣ пешниҳод гардида, дар васфи бузургиву меҳрубониҳои модар сурудҳо танинандоз шуд.
Возможно, это изображение 1 человек и помостВозможно, это изображение толпаВозможно, это изображение один или несколько человекВозможно, это изображение 1 человек и помостВозможно, это изображение 1 человекВозможно, это изображение 2 человекаВозможно, это изображение 5 человекВозможно, это изображение 2 человекаВозможно, это изображение 2 человека и одежда с батиковой набивкойВозможно, это изображение 11 человек и текстВозможно, это изображение 2 человека и текстВозможно, это изображение 3 человекаВозможно, это изображение 7 человек и текстВозможно, это изображение 11 человек, ребенок, люди танцуют и текстВозможно, это изображение текстВозможно, это изображение 8 человек, помост и текстВозможно, это изображение 7 человек и скрипкаНет описания фото.Возможно, это изображение 9 человекВозможно, это изображение 5 человек и люди танцуютВозможно, это изображение 6 человекВозможно, это изображение 13 человекВозможно, это изображение свадьбаВозможно, это изображение 7 человек, скрипка и текстВозможно, это изображение 6 человекНет описания фото.Возможно, это изображение 11 человек и помостВозможно, это изображение 10 человек, люди танцуют и помостВозможно, это изображение 10 человек и люди танцуютВозможно, это изображение 3 человека, люди танцуют и толпаВозможно, это изображение 4 человекаВозможно, это изображение 3 человека, помост и текстВозможно, это изображение танцы и текстВозможно, это изображение текстВозможно, это изображение текст
Возврат к списку новостей