Посетители
4289067
Сегодня
122
На этой неделе
823
В этом месяце
3880
Итого
4289067
05.03.2025
Паёми шодбошӣ ба ифтихори Рӯзи Модар
ПАЁМИ
шодбошии иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Конибодом муҳтарам
Даврон Зоҳидзода ба муносибати Рӯзи Модар
Модарону бонувони гиромӣ!
Ҳамаи шумоёнро ба ифтихори ҷашни фархундаи баҳору зебоӣ ва барои ҳамагон азизу муътабар – Рӯзи Модар самимона табрик мегӯям.
Ба ҳар яки Шумо сиҳатмандиву хушбахтӣ, рӯзгори ободу осуда ва хушҳоливу пирӯзӣ орзумандам.
Дар ин айёми накӯву фараҳбахши баҳорӣ ва дар арафаи Наврӯзи оламафрӯз таҷлил гардидани ин рӯзи муборак гувоҳи он аст, ки Зан - Модар сарчашмаи зиндагӣ ва рамзи покиву зебоӣ буда, мавҷуди муқаддастарину азизтарин барои инсон аст.
Аз ин лиҳоз, Рӯзи модар яке аз мӯътабартарин ҷашнҳо ба шумор рафта, дар ин рӯзи сафобахш бо эҳтиром ва самимияти беандоза ҳамаи мо, бори дигар муҳаббату бузургии ин мавҷуди муқаддасро васф мекунем.
Бешубҳа, ҳастиву пойдории тамоми инсоният аз рисолати муқаддаси ҳаётбахшии модар сарчашма гирифта, чароғи равшан ва гармии ҳар хонадон маҳз модаронанд, файзу баракат ва эътибору эҳтироми ҳар оила низ аз онҳо вобастагии калон дорад.
Беҳуда нест, ки нобиғаҳои олам, шоирону бузургон ва сиёсатмадорон дар назди неру ва садоқати зан сари таъзим фуруд оварда, басо сазовор ситоиш кардаанд.
Вобаста ба он ёдрас намудани суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бамаврид аст:
“Мехоҳам бо ифтихор хотирнишон намоям, ки кӯшишу талоши модари тоҷик ба хотири рушди маънавиёти оила ва ҷомеа, ташкили оилаи солим, тарбия кардану ба камол расондани фарзандони солиму солеҳ, соҳибмаърифату соҳибкасб ва созандаву ободгар, воқеан, қобили ситоишу қадрдонист”.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр аз он қаноатманд аст, ки занону бонувони мо низ, дар баробари фаъолияти босамар дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, ҳамчунин дар пойдориву устувории оилаҳо, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватанпарастиву инсондӯстӣ ва масъулиятшиносӣ саҳми босазо мегузоранд.
Изҳори итминон мекунем, ки бонувони арҷманди мо минбаъд низ, дар рушду пешрафти ҷомеа ва ободии диёрамон нақши муассир хоҳанд гузошт.
Бо чунин орзуҳои нек, бори дигар ҳамаи шумо – модарону бонувони арҷманди Канди бостониро ба ифтихори ҷашни баҳору зиндагӣ самимона муборакбод намуда, бароятон тансиҳатӣ, нуру сафо, шукуфоӣ, бахту иқболи накӯ ва сарсабзиву зебоӣ таманно менамоям.
Рӯзи Модар муборак!

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан
Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост
Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?