Посетители
4289067
Сегодня
122
На этой неделе
823
В этом месяце
3880
Итого
4289067
04.03.2025
Табрикот ба Раҷаббой Аҳмадзода бо интихоб шуданаш ба вакилии халқ
Муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода!
Бо камоли ифтихору эҳтиром, ихлосмандии том Шумо - ходими намоёни давлатию ҷамъиятӣ, роҳбари кордону ташаббускор, инсони барӯманду нексириштро ба муносибати интихоб гардиданатон ба ҳайси вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят (даъвати ҳафтум) аз ҳавзаи интихоботии "Фирӯзоба" - 20, шаҳри Конибодом самимона муборакбод мегӯем.
Шумо бо таҷрибаи зиндагиву кору фаъолияти доманадор, иродаи неку тафаккури тоза дар роҳи ҳаёти бошуурона, кӯшишу иштироки вусъатбори хеш собит намудаед, ки дар роҳи татбиқи сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешсафу роҳбалад ҳастеду, дар байни мардуми шаҳри Конибодом сазовори обрӯю эҳтироми шоиста гардидаед.
Зеро панҷ соли гузаштаи давраи вакилиатон собит намуд, ки ба ҳайси вакил аз шаҳри Конибодом барои рушду нумӯи иҷтимоиёту иқтисодиёти шаҳр ва беҳдошти рузгори сокинони он, хосатан, сохтмону бунёди муассисаҳои иҷтимоӣ, мумфаршкуниву ободии роҳҳо, таъминот бо оби нушокӣ ва полезӣ дарвоқеъ, корҳои назаррасро ба анҷом расонидаед.
Интихоби сокинони шаҳру деҳотамон ин дар навбати аввал нишони бовариву эҳтиром нисбати Шумо ва изҳори сипосу қаноатмандӣ аз дастгириҳои пайваста ва таваҷҷуҳи хосаатон нисбати Конибодом ва конибодомиён мебошад.
Сокинони сарбаланди шаҳри Конибодом бо камоли саодат ва мақоми шукргузорӣ аз ғамхорӣ ва дастгирии пайвастаатон барои рушду пешрафт ва шукуфоии Ватани азизамон аз таҳти дил саъюу талош меварзанд.
Бори дигар, Шуморо, муҳтарам Раис ба ифтихори интихоб гардиданатон ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии "Фирӯзоба" - 20 самимона муборакбод гуфта, ба Шумо тани баофият, рӯзи неку рӯзгори хуш, кушоишу нусратҳои тоза, равнақу барор ва дар татбиқи ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон комёбиҳои беназир орзумандем.

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?