Посетители
4281109
Сегодня
103
На этой неделе
804
В этом месяце
929
Итого
4281109
30.01.2025
Ҷаласаи ҳисоботи интихоботии Федератсияи футболи шаҳр
Имрӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом ҷаласаи ҳисоботи интихоботии Федератсияи футболи шаҳр доир гардид. Дар кори ҷаласа иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Даврон Зоҳидзода иштирок намуда, тариқи овоздиҳӣ Раиси нави Федератсияи футболи шаҳр интихоб гардид. Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр зикр кард, варзиш дар ҳаёти инсон ҳамеша аҳаммияти аввалиндараҷа дошта, машғулиятҳои варзишӣ ва обутоби бадан ҷузъи ҷудонашавандаи ҳаёти солим ба ҳисоб мераванд. Ҳамин аст, ки имрӯзҳо ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ватани азизамон аҳаммияти махсусан муҳимро касб намудааст.
Гуфта шуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом баҳри иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаи варзишро ҳамчун воситаи муҳими беҳдошти саломатӣ ва ташаккули ҷисмониву маънавии сокинон таъмин намуда истодааст. Дар соли сипаришуда дар ҳудуди шаҳру деҳот 114 мусобиқаи варзишӣ бо иштироки 4500 ҷавонон гузаронида шудааст. Дар идомаи суханронӣ изҳор дошт, ки Ҳукумати кишвар варзишро ҳамчун муаррифгари миллат дар арсаи байналмилалӣ дар баробари дигар соҳаҳо самти афзалиятнок дар сиёсати имрӯзаи худ қарор додааст. Маҳз бо ташаббус ва заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба рушди он тадбирҳои муассир дар кишвар амалӣ гардида истодааст. Ҳамчунин иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр таъкид кард, ки бо мақсади оммавигардонии варзиш ва таблиғу ташвиқи тарзи ҳаёти солим иншоотҳои варзишӣ дар ҳолати хуб нигоҳ дошта, самараноку мақсаднок истифода бурда шаванд».
Сипас, иштирокдорон ба иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр пешниҳоду дархостҳои худро иброз намуданд.

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?