Посетители
4281109
Сегодня
103
На этой неделе
804
В этом месяце
929
Итого
4281109
29.01.2025
Табрикоти и.в Раиси шаҳри Конибодом муҳтарам Даврон Зоҳидзода ба муносибати ҷашни Сада
Ба шарофати Истиқлолияти давлатии кишвари азизамон имрӯз мо имконият пайдо кардаем, ки ҷашнҳои аҷдодиамонро ба таври расмӣ ва бо шукӯҳи хоса таҷлил намоем.
Таърих гувоҳ аст, ки ниёгонамон ҷашнҳои Меҳргону Садаро ҳамвазни Наврӯз хеле бошаҳомат қайд мекарданд. Ва барои миллати тамаддунофари мо Наврӯз ҷашни орзуву ниятҳои нек асту Меҳргон ҷашни шукргузориву фаровонист.
Сада бошад, боз яке аз ҷашнҳои бошукӯҳи ниёгономан буда, таърихи хеле қадима дорад ва чуноне ки ҳаким Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»- и безавол зикр кардааст, Садаро чун ёдгори ниёгон баъди истилои араб, дар даврони исломӣ низ таҷлил мекарданд.
Ин ҷашни пуршукӯҳ рамзи пирӯзии гармиву нур бар сардӣ ва торикӣ буда, моҳиятан тақвими чиллашуморӣ аст, ки то ҳанӯз дар байни мо роиҷ мебошад.
Кишоварзон тибқи он моҳу фаслҳоро ҳисоб мекунанд ва дар корҳои деҳқонии худ истифода мебаранд.
Маҳз дар ин мавсими накӯ тараддуду ташвиши марди деҳқон шурӯъ гардида, аз вазъи омодагиҳои ин айём тамоми бурду бохти минбаъдаи сол вобастагии калон дорад.
Имрӯзҳо дар раванди баргузории ҷаш тони Сада ташкили намоиш ва фурӯши ниҳолҳои мевадиҳандаву сояафкан ва тухмиҳои босифат анъанаи нек гардида, амали бисёр муҳим арзёбӣ мегардад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама суханрониҳои хеш таъкид месозанд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ мо бояд арзишҳои миллии худро, ки ҷашнҳои миллиамон низ, як ҷузъи муҳими онҳо мебошанд, ҳифз карда, барои боз ҳам таҳкиму густариш ёфтани онҳо мусоидат намоем.
Дар ин раванд Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» санаи 28 - уми декабри соли 2024 зикр намуданд:
«Моро зарур аст, ки ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангии миллати худ ва муаррифии боз ҳам бештари онҳоро дар арсаи байналмилалӣ ҳадафмандона идома диҳем».
Ва дар ин партав Сарвари давлатамон вазоратҳои масъулро вобаста ба таҷлили 2550 солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир вазифадор карданд, то ки онҳо маводҳои заруриро дар ин бобат ба ЮНЕСКО пешниҳод намоянд.
Дар баробари ин, ҳамзамон моро лозим аст, ки дар партави ҳидоятҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба эҳё ва гиромидошти иду суннатҳои миллиамон бештар таваҷҷӯҳ намоем.
Дар робита ба он, хусусан байни ҷавонон тарғибу ташвиқи дастовардҳои маънавии хешро тақвият бахшем. Зеро ноогоҳ аз гузаштаи хеш мо имрӯзу фардои шоистаро бунёд карда наметавонем.
Таъкид менамоям, ки кинаҳоро аз қалбҳо дур кардан, тозаву озода нигоҳ доштани хонаву дар, сарсабзу хуррам гардонидани кӯчаву хиёбонҳо ва ободу зебо намудани маҳали зист аз суннатҳои дерини ҷашни Сада мебошанд.
Дар ин лаҳзаҳои гуворо бо қаноатмандӣ изҳор медорам, ки роҳбарияти шаҳр ва шахсан ман ба қувваю нерӯ ва матонати ҳамаи Шумо, ҳамшаҳриёни азиз, эътимоду боварӣ дорем.
Ва дар ин соли накӯ, ки моро навсозиву навгониҳои зиёде дар пеш аст, изҳори умед мекунам, ки ҳамаи мо софдилона заҳмат кашида, аз иҷрои вазифаҳои дар наздамон қарордошта сарбаландона мебароем.
Дар ниҳоят, дар ҷодаи накӯи созандагиву бунёдкориҳо ба ҳар яки шумоён барору комёбиҳо таманно намуда, дар симои шумо, кулли ҳамшаҳриёни азизро ба муносибати ҷашни фаррухи Сада аз самими дил, сидқан шодбош мегӯям.
Орзуманди онам, ки ҳамеша сиҳатманду сарбаланд бошеду рӯзгоратон пурфайзу баракат!
Бигзор, дар Тоҷикистони азиз сулҳу ваҳдат ҷовидон пойдору устувор бимонад!
Хонаободу саодатманд ва комгор бошед, ҳамшаҳриёни азиз!
Ҷашни Садаи бостонӣ муборак!

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан
Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост
Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?